Боздиди   раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз раванди корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнии шаҳри Бохтар

  Субҳи якшанбе, санаи 14 апрели соли равон  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва чанде аз роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаҳои масъули вилоятию шаҳрӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнии шаҳри Бохтар дидан намуданд. Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси вилоят Қ. Ҳакимзода бо раванди сохтмони нишони давлатӣ ва азнавсозии майдони 70 – солагии Водии Вахш, боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаев, қасри фарҳангӣ, ободонии майдони Ҷалолиддини Балхӣ шиносои пайдо карданд.

    Сипас, раиси вилояти  Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати бино ва шароити кории бахши Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят дидан намуд. Илова бар ин, гурӯҳи корӣ ба гулгашту хиёбонҳо ва ободонию зебогии маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, баҳри беҳтару хубтар ва зеботар намудани шаҳр дастуру супоришҳои мушахас дод. Зимни боздид Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки шаҳри Бохтар маркази тамаддун ва нигини Хатлони бостон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бояд маркази вилоят, шаҳри Бохтар аз ин дида ободу зеботар гардад. Ҳамчунин, ба сохтмончиёну пудратчиён супориш дода шуд, ки то арафаи ҷашнҳои миллию давлатии дарпешистода иншоотҳои мазкур мувофиқи матлаб ва бо сифати баланд пешниҳод карда шаванд.

     Итминон меравад, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоотҳои ҷашнӣ дар таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ ва муҳайё гардидани шароити истироҳату фароғати сокинон мусоидат хоҳад кард.        

 

 

 

 

 

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.