ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «ОБОДГАРИ ВАТАН»

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» рафта истодааст, ки мақсади асосии озмун беҳтар намудани шароити зисту зиндагии маишии аҳолӣ, суръат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани кучаю деҳаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳавасманд гардонидани онҳо, ки дар ободии маҳалли худ саҳм гузоштаанд, мебошад.

Озмуни «Ободгари Ватан» дар давоми солҳои 2019-2021 гузаронида мешавад, ин навбат бошад озмуни мазкур дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардида, ба соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки саҳми арзандаи худро дар бунёди бино ва иншоотҳои гуногун гузоштаанд ва дар озмуни мазкур аз тарафи роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шуда буданд, кумитаи тадорукот 13 нафар бетаринҳои вилоятро ғолиб дониста бо туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят қадрдонӣ намуданд.

Туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ба соҳибонашон тақдим гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.