СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ МИЁНИ БОНУВОН

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзҳои 10 ва 11 апрели соли 2019 аз рӯи усули фардии “Хона ба хона” оид ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бегонапарастӣ миёни занону духтарон, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирии гаравиши занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи намояндагони раёсат ва гурӯҳҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳои Борбад, Сино ва кӯчаҳои Ҳамадонӣ, И. Сомонии шаҳр дар 250 хона бо 1250 оила вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида шуданд, ки аз ин оилаҳо 180 нафар дар муҳоҷират мебошанд.

Ҳамзамон, дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб рейд оид ба тақлиди занону духтарони шаҳр ба либоси бегона гузаронида шуда, бо 48 нафар занону духтароне, ки ба либосҳои тоҷикона хос набуда тақлид намудаанд, сӯҳбат гузаронида шуд, дар ин бора сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно иттилоъ дод.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.