ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ ТЕРМИНАЛИ ЗАМОНАВИИ МУСОФИРКАШОНӢ БУНЁД МЕЁБАД

Имрӯзҳо бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъати тоза меёбад. Дар ин раванд соҳибкорони ватанӣ талош бар он доранд, ки иншоотҳои замонавие бунёд созанд, ки ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат намоянд.

Маълум ки дар ноҳияи Дӯстӣ терминали замонавии мусофиркашонӣ вуҷуд надорад. Таксиронҳо ба таври сунъӣ ҳар ҷо хоҳанд, ҳамон ҷо мавқеи худро интихоб мекунанд. Ба ҳамин хотир, сокини ноҳия, соҳибкори ватанпарвар Ҷамолиддин Қодиров тасмим гирифт, ки ҳамин гуна як терминали замонавии ба талаботи давр ҷавобгӯ бунёд карда, бо нақши дастон дар истиқболи сазовори ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Сохтмони нави терминали замонавии мусофиркашонии “Сафар Қодирӣ” дар майдони собиқ автовокзал шурӯъ шуда бо маром идома дорад. Тавре ки дар суҳбат соҳибкор Ҷамолиддин Қодиров шарҳ дод, бинои терминал аз ду ошёна иборат буда, дар ҳар ошёна 23 ҳуҷра сохта мешавад. Айни ҳол дар сохтмони он 4 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Дар ошёнаи дувум аз ҷумлаи ҳуҷраҳо 6 ҳуҷрааш ба сифати меҳмонхона истифода мегардад. Дар ошёнаи якум дуконҳои савдо, модару кӯдак, фароғат, чиптафурӯшӣ ва ғайраҳо ҷой хоҳанд гирифт. Умуман, баъди ба истифода додани он беш аз 50 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардаднд.

-Имрӯз давраи он фаро расидааст, ки ҳар як ҷавонмард бо имконоти доштааш дар сарсабзию хуррамӣ ва рушди кишвари азизи худ саҳмгузор бошад,- иброз дошт Ҷамолиддин Қодиров.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.