Миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид

     Миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

«Дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, соддагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, бахшидани солҳои муайян ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ талоши онро дорад, ки дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба диёрамон ташрифоварда бо таассуроти хотирмон амну ором саёҳат намояд», — зикр намуданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати муаррифии захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки аз 28 то 31 марти соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, дар баробари дигар маҳсулоти ватанӣ, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маърази шарикони потенсиалӣ гузошта шудааст.

Дар ин замина, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Президенти Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея хонум Йу Ҷейок, ки барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масоили доир намудани бизнес-форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Корея, намоишгоҳҳои сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Корея оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омўзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду кишвар баррасӣ гардид.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин, тарафҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз намуданд.

Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки дар соли сипаршуда 1363 нафар шаҳрвандони Корея ба Тоҷикистон ташриф оварда, ин раванд тамоюли афзоиш дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2018 пресс — турҳо ҷиҳати сабти филмҳои мустанад дар ҳамкорӣ бо бузургтарин шабакаи телевизиони давлатии Корея-KBS ташкил карда шуда, наворҳои зебо оид ба захираҳои сайёҳии мамлакат тавассути шабакаи KBS ба сайёҳони эҳтимолии Кореяи Ҷанубӣ намоиш дода шуд.

АМИТ «Ховар»

 

 

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.