МУЛОҚОТИ ҲАКИМЗОДА ҚУРБОН БО БОБОЗОДА ШАВҚАТ

14 марти соли 2019 раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон директори Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Бобозода Шавқатро дар ҳузури худ пазируфт.

Дар мулоқот аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ – муовини раиси вилоят, Зуҳуров Маҳмасаид – мудири шуъбаи молия, иқтисод ва ояндабинӣ, Бойматов Барот – мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷӣ, Саъдуллоев Фақир – мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ва аз ҷониби меҳмонон Усмонов Акмал ва Ятимзода Анвар  – намояндагони Федератсияи Россия дар Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои баланд бардоштани потенсиали содиротии вилояти Хатлон, таъсис додани намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, ба низом даровардани муносибатҳои содиротӣ байни истеҳсолкунанда ва содироткунанда, кафолати ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунанда, нақшабандӣ гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии содиротӣ, ташкили марказҳо барои қабули маҳсулот ва ҳалли мушкилоти ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ ва ташкили бонизоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳудуди вилоят табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки нозукиҳои масъала аз ҷониби мутахассисон ба пуррагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, санади дахлдор таҳия ва мавриди амал қарор дода мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.