МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноҳияи Вахш мусобиқаи интихобии вилоятӣ оид ба таэквондо ВТФ ва дар ноҳияи А. Ҷомӣ мусобиқа оид ба гӯштини дзю-до байни наврасон баргузор карда шуданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтани ҷашни милливу давлатии Наврӯзи байналмилалӣ, ҷалб намудани сокинони вилоят ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби вилоят «Хатлон-1» аз намудҳои мазкур мебошад.

Мусобиқаҳо дар сатҳи баланд баргузор карда шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда беш аз 320 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Ғолибону ҷоизадорон бо диплому медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сафароз гардонида шуданд.

Ба ин муносибат мусобиқаҳо аз руӣ дигар намудҳои варзиш низ ба нақша гирифта шудааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.