КАФИЛИ САЛОМАТИИ ХУД ВА АҲЛИ ОИЛААТОН БОШЕД

Кормандони МТТХС – и Левакант дар кӯчаҳои маркази шаҳрак бо аҳолӣ корҳои таблиғотию машваратӣ вобаста ба бемориҳои зардпарвин ва дарунравӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷиҳати аломатҳои бемории зардпарвин, ки бемории сироятӣ буда, бо аломатҳои заҳролудии организм ва осеби ҷигар ҷараён мегирад ва ангезандаи ин беморӣ вирус мебошад, маълумот дода шуд.

Мутахассисон иброз намуданд, ки пеш аз ҳама назорат кардани сифати хурду хӯроки мардум ва манбаҳои таъмини об маҳв сохтани магасҳо риояи беҳдошти инсоният мебошад.

Вобаста ба бемории дарунравӣ, ки ин қазои ҳоҷати тез – тез ва обаки буда, бактерия ва вирусҳое ҳастанд, ки ба меъдаю рӯдаи инсон ба воситаи дастҳои чиркин дохил мешаванд. Дарунравӣ бадани кӯдакро дар муддати кӯтоҳ камоб гардонида, сабабгори фавти ӯ мегардад.

Дар фарҷом мутахассисон иброз намуданд, ки ҳамеша кафили саломатии худ ва аҳли оилаатон бошед. Зеро беҳтарин дороӣ барои инсон ин саломатӣ мебошад!

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.