ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ машварати раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло бо соҳибкорон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба фазои дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ оид ба бунёди инфрасохтори соҳа ва ба ин васила таъмини ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки дар нозироти андози ноҳия 4260 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 1623 нафар ба воситаи патент, 194 нафар ба воситаи Шаҳодатномаи иҷозати фаъолияти соҳибкорӣ ва 2637 нафар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ фаъолият менамоянд.

Дар вохӯрӣ соҳибкорон оид ба дастраснамудани қарзҳои имтиёзнок, саҳмгузорӣ барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дархостҳои худро иброз доштанд.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ аз байн бурдани мушкилоти соҳибкорон ҷиҳати сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва саҳмгузорӣ дар ҷашнҳои умумимиллӣ мебошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.