ҲАДАФ - ИН ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА АСТ

Ба хотири пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, ки имрӯза ҷомеаи кишварамонро ба ташвиш овардааст ва бахшида ба идҳои дар пеш истода рӯзи аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониён чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур аъзоёни Шӯро ва занону духтарон иштирок намуданд.

Муслима Раҳмонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иброз дошт, ки баҳри пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва бекор кардани ақди никоҳ бо иқдоми неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2015-ро “Соли оила” эълон кард, дар ин сол ҷудошавии оилаҳои ҷавон бо суръат ба пастӣ рафт, аммо мутаассифона тайи чанд соли охир ин раванд рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст, ки ҷомеаи кишварамонро бетаъсир намегузорад. Ҳар яки моро зарур аст, ки барои пешгирӣ намудани ин амалҳои ҷавонон саҳми хешро гузорем. Чун, ки ҳангоми оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд кӯдакон дар байни роҳ мемонанд ва аз таълиму тарбияи падару модар дур мешаванд - гуфт Муслима Раҳмонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия. Нуқтаи муҳиме, ки дар вохӯрии махсус таъкид гардид, ин пешгирӣ аз никоҳи хешу таборӣ мебошад, зеро тибқи андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ тақрибан 25-30 дарсади таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ мебошад.

Ҳамзамон Маҷид Миралиев, директори марказии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ноҳияи Кӯшониён зикр намуд, ки барои пешгирии ин раванд, дар ноҳия ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатми шахсони никоҳшаванда диққати махсус дода мешавад. Муоинаи тиббии пешакӣ барои фароҳам овардани шароити зурурӣ дар ташаккули оилаи солим, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб ва бемориҳои ба ирсият асосёфта гузаронида мешавад. Муоинаи тиббӣ барои навхонадорон комилан ройгон мебошад. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар ноҳия бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик, аз қабили фарзанди бародарон, хоҳарон, тағо, амак, хола ва амма пурра қатъ гардидааст – афзуд Маҷид Миралиев, директори марказии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ноҳияи Кӯшониён.

Дар чорабинии мазкур таъкид гардид, ки имрӯзҳо падару модароне ҳастанд, ки фарзандҳояшон барои оила барпо кардан тайёр нестанд онҳоро ба барпо намудани оила маҷбур месозанд, чунки мардум нагӯянд, духтари фалони сину  солаш ба ҷое расидаасту то ҳол ба шавҳар набаромадааст. Ҳар яки моро зарур аст, ки фарзандҳои хешро соҳибилм намоем, чунки онҳо оиладор мешаванд ва пас аз чанд муддат фарзандор шуда, барои ӯ зарур аст, ки фарзанди худро таълиму тарбия диҳанд.

Ба оилаҳои беҳтарини ноҳия аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.