ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ХАТЛОН

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки 107 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо маҳсуб мегардад.

Матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, пураҳамият ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имкноннопазир аст.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ дар рушди ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа нақши арзанда доранд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз он ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии кишвар собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа, баҳри рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд.

Сипас, ба ғолибони ҷоизаи раиси вилоят “Неруи сухан”, ки ҳамасола дар арафаи рӯзи матбуот ҷамъбаст мегардад:

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» маводи пешниҳоднамудаи рӯзноманигор Додархоҷаев Раҳмоналӣ «Ба мо барқ диҳед!!!»;

Аз рӯи наминатсияи «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)» рӯзномаи «Тахти Қубод» -и ноҳияи Қубодиён;

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин барномаи телевизионӣ» барномаи «Оинаи таърих»-и рӯзноманигори ТВ «Ҷаҳоннамо» Шариф Мираков;

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин барномаи радиоӣ» барномаи «Соҳибватан» -и рӯзноманигори радиои «Хатлон» Шарипов Сангимурод;

Аз рӯи номинатсияи «Сомонаи беҳтарин» сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Шаҳодатнома қадрдонӣ гардиданд.

Барои фаъолияти самарабахш дар самти пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси воқеъбинонаи пешрафти ҳаёти ҷомеа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва барои дастгирӣ ва иштироки фаъол дар озмун ва барои саҳми арзанда дар рушди матбуоти тоҷик ва ҳамкориҳои судманд дар инъикоси дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят дар асоси қарори раиси вилоят 18 нафар бо «Сипоснома»-и раиси вилоят сарфароз гардониданида шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.