КИШОВАРЗОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БА КИШТИ БАҲОРӢ ОМОДААНД

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар саҳни корхонаи «Субҳи Сарбанд» -и шаҳри Левакант, қабули тайёрии техникаҳо ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба кишту кори баҳорӣ доир гардид.

Дар қабули техникаҳои кишоварзӣ сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Сироҷев М., сардори шуъбаи Бозрасии назорати давлатии техникии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон Баҳодуров А., муовини якуми раиси шаҳри Левакант Абдулмуминзода А., мудири бахши кишоварзӣ Рустамов Н., раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Ҳалимзода С. ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр иштирок доштанд.

Ба хатти тайёр ба миқдори 20 адад тракторҳои байниқаторӣ ва нақлиётӣ, инчунин 20 адад мошинолотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 10 адад тухмипошакҳои пахта, 4 адад испорҳои тракторӣ, 2 адад заминҳамворкунак, 2 адад алафдарав ва 2 адад дорупошак гузошта шуда буд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.