ОЗМУНИ ШАҲРИИ «КАНӢ ДУХТАРОН?»

Аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба фарорасии ҷашни Рӯзи модарон озмуни шаҳрии «Кани духтарон» байни ҷавондухтарони муассисаҳои оливу касбии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар озмун 7 даста аз ҳисоби ҷавондухтарон ширкат намуда, аз рӯйи шартҳои муҳими озмуни шаҳрӣ аз қабилӣ: қироати порчаҳои шеърӣ, ҳусну маломат, намоиши либосҳои миллӣ, ороиш ва парвариши мӯй, ҳусни табиӣ, пардози чеҳра, мавзунии қомат ва хондани суруди алла ҳунарнамоӣ намуданд.

Барои ширкати фаъолона дар озмун аз тарафи аъзои комиссияи тадорукотӣ ба иштирокчиёни фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузории чунин озмун ин муайян намудани чеҳраҳои ҳунарманду чирадаст ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.