ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁН ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ МУХАДДИР

Дар толри Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии намояндагони шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Ғаффорзода Н, Солеҳзода Ш, Қодирзода Б бо донишҷӯёни муассисаи таълимии ғайридавлатии Колеҷи тиббии ноҳия ва Литсейи касбии техникии ноҳия баргузор гашт.

Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ вобаста ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи мухаддир, зарари истеъмоли маводи нашъадор ба солимии инсон, сухан ронда қайд карда шуд, ки бадмастӣ ва истеъмоли маводи мухаддир пеш аз ҳама ба бузургтарин сармояи миллату ҷомеа, яъне ақлу зеҳни инсонҳо таҳдид мекунад. Истеъмоли он инсонро аз фарҳангу маънавият холӣ ва ғуломи ҳалқабардӯши ин мавод гардонида, аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ комилан бегона месозад.

Бешак маводи мухаддир ба ояндаи тараққиёт, маънавият ва насли ояндаи миллат таҳдиди ҷиддӣ мерасонад, зеро аз мардони заифу заҳролуд фарзанди солим ба бор намеояд ва аз мағзҳои карахту шахшуда, ҳеҷ фикри дурусте сар намезанад. Ин маводи тиракунандаи ақл ва азбайнбарандаи бадани солим метавонад, дар андак муддате кореро, ки душманон дар тӯли солҳо ба он муваффақ нашудаанд, амалӣ кунад. Яъне миллати дорои фарҳанги ҳазорсоларо ба тӯдаи кундзеҳну бехирад ва масту майзада табдил диҳад. Ин аст, ки имрӯз масъалаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар ҳақиқат мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳуввият ва умуман асолати миллӣ ва ояндаи ҳар миллат мебошад.

Дар охир миёни намояндагон ва донишҷӯёну донишомӯзор саволу ҷавоб сурат гирифта иштирокчиён бо саводҳои додаи худ посухҳои мушаххас ригифтанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.