ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО СОҲИБКОРОНИ МАҲАЛЛИИ ВИЛОЯТ

Рӯзи 28 феврали соли 2019 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ бо соҳибкорони маҳаллии вилоят баргузор гардид.

Вохӯриро муовини раиси вилоят Раҷабов Р.С. ҳусни оғоз бахшида, раиси тозаинтихоби Палатаи савдо ва саноатро бо соҳибкорони маҳаллии вилоят шинос намуданд.

Сипас, сухан ба Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ. дода шуд, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва баррасии камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи соҳибкорӣ баромад намуданд.

Дар ҷаласа ќайд карда шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон бо эълон гардидани саоҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳуранҳои мардумӣ” ва “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” як қатор таъғиротҳои назаррас дар ин самт ба амал омада, ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон шароти хуб муҳаё гардидааст.

Дар рафти вохӯрӣ соҳибкорони вилоят якчанд саволу таклифҳо пешниҳод карданд, ки аз тарафи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.