САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

9 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» баргузор гардид.

Дар кори Конференсияи илмӣ, ки таҳти раёсати муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар доир гардид, занон, олимаҳо, профессорон, номзадҳои илм, дотсент, унвонҷӯён, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии Хидирзода Махфират оғоз гардида, зикр гардид, ки шумораи занон дар соҳаи илм сол то сол зиёд гардида дар вилоят 350 нафар олимон аз ин 59 нафарашонро занон ташкил медиҳад, аз ҷумла 3 нафар зан доктори илм, профессор, 56 нафар зан номзади илм номзади илм, 14 нафар дотсент ва 567 нафар унвонҷӯёну таҳқиқотчиён мебошад.

Конференсия аз панҷ қисм 1. Филология, 2. Технологияи иттилоотӣ, 3. Табиӣ ва тиббӣ, 4. Иқтисодӣ, педагогика ва методикаи таълим, 5. Таъриху сиёсатшиносӣ иборат буда дар он 121 мақолаҳои илмӣ пешниҳод гардида буд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба рушди соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки дар замони муосир илм на танҳо ба қувваи асосии истеҳсолкунанда, балки ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфтааст. Дар ин замина, мақом ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илму навгониҳо ва дастовардҳо дар соҳаҳои теҳникаю технологияи муосир вобастагии ҷиддӣ дорад. Бинобарин саҳми занон дар ин замина назаррас мебошад.

Дар давоми 27 соли Истиқлолият Тоҷикистон шоҳиди таҳаввули бузурге дар самтҳои гуногуни ҷамъият гардид, ки 15 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳуқуқ ва манзалати зан дар ҷомеа ба тавсиб расонида шудааст. Аз ин лиҳоз дар солҳои аввали Истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳуқумат қарор дорад. Ин аст, ки бо фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши созгоре мебозад.

Тавассути Истиқлолият зани тоҷик тавонист, ки ҳамчун шахси фаъол, мубориз дар ташаккули давлатдории миллӣ саҳмгузор бошад, зеро мақоми зани тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам хубтар ва бо симои тоҷиконаи худ муариффгари покию зебогӣ гардид.

Дар охири кори Конференсия муаллифони 40 мақолаи беҳтарин аз панҷ бахш аз тарафи Кумитаи тадорукот бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.