КИТОБ ИНСОНРО ТАРБИЯ МЕКУНАД

“Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст.”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 

Тавре аз Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин хабар доданд аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 22165 сомонӣ 6253-нусха китобҳо, ки аз ин шумора 403-нусха ба маблағи 4962-сомонӣ китобҳои дарсӣ барои хонандагони ММТУ синфҳои 1-11 ва 5850-нусха адабиётҳои бадеӣ ва бачагона ба маблағи 17203-сомонӣ ворид гардонида шуд.

Манба афзуд, ки китобдорон аз ин туҳфаи арзишманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта кӯшиш менамоянд, ки ҷиҳати оммавигардонии хониш миёни наврасон ва ҷавонон ташвиқу тарғиби китоб ва китобхониро боз хубтар ба роҳ монанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.