Сада - ҷашни гармию нур

  Сада  аз қадимтарин ҷашнҳои бостонии мардуми ориёӣ аз ҷумла, тоҷикон мебошад. Маҳз замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин иди ниёгон дар қатори ҷашнҳои миллии Наврӯз ва Меҳргон аз нав эҳё гардид.

   Санаи 31 январи дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар якҷоягӣ бо Муассисаи  таҳсилоти умумии асосии №41 конфронси адабиро дар мавзуӣ «Сада-оташи меҳри Ватан аст» бо гурӯҳи васеъи хонандагон гузарониданд. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи вилоятӣ Обидов Саймуҳаммад  кушода, ҳамагонро бо ин иди хуҷаста табрик намуд.

   Ҳамзамон китобдорони Китобхона намоиши калони пурмазмунро дар мавзуҳои “Сада-ҷашни гармию нур”, “Ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари фарҳанги миллӣ” ва дастранҷи ҳунарҳои хонандагонро  пешкаши иштирокчиён  ва меҳмонон гардониданд.  

       Сипас хонандагон бо қироати шеър, базму суруд хотири ҳозиринро шод намуданд.  Дар охир  хонандагони фаъол бо   тӯҳфаҳои хотиравии  таъсиснамудаи маъмурияти  Китобхона сарфароз гардонида шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.