ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҲАКИМЗОДА ҚУРБОН БО ФАЪОЛОНИ БОХТАР

  Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо фаъолони шаҳри Бохтар баргузор гардид.

   Сараввал Ҳакимзода Қурбон, раиси вилоят ва Исмоилзода Абдуалим, раиси шаҳри Бохтар ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр рафта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Таъкид карда шуд, ки собиқадорони ҷангу меҳнат доиман таҳти ғамхории Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз маслиҳат ва раҳнамоиҳои онҳо дар пешбурди кори имрӯзи кишвар истифода бурда мешавад. Зеро онҳо тавонистаанд, ки бо истифодаи маҳорати баланди хеш дар самти ҳимояи меҳан, пешрафи кори ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.

   Ҳамчунин, раиси вилоят аз раванди корҳои кишоварзони маҳаллаи Ғайрат дидан намуда, бо зироаткорони пешсафи ин маҳалла ва бо дастранҷи онҳо аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки деҳқонони ин маҳалла ҳамасола бозорҳои вилоятро ба маҳсулотҳои кишоварзӣ таъмин менамоянд. Ҳамзамон кишоварзони ин маҳалла ният доранд, то бозорҳои кишварро ба дастранҷи худ таъмин намояду арзиши нархро дар бозори истеъмолӣ арзон. Ҳакимзода Қурбон, раиси вилоят ба хоҷагидорон суҳбат намуда, таъкид намуд барои фаъолияти босамар ва гирифтани ҳосили зиёд кишоварзонро ҳидоят намуд. Инчунин, раиси вилоят аз рафти корҳои ободониву бунёдкории иншоотҳое, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, шинос шуда, барои пешрафти кор дастуру супоришҳо дод.

   Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрии раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон бо фаъолони шаҳр доир гардид. Нахуст, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим дар бораи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, дастоварду муваффақиятҳо, натиҷаҳо ва нақшаҳои соли 2019 суханронӣ намуд.

   Тибқи иттилои манбаъ, давоми соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Бохтар 3 корхонаи саноатӣ – «Сантехник», «Қӯрғонтеппа-сохтмон» ва «Орди Хатлон» фаъолияташон қатъ гардид, ки мояи нигаронӣ мебошад. Ҳамчунин, дар нақша ҳаст, ки дар соли ҷорӣ 6 корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Таъкид гардид, ки саноатикунонӣ ҳадафи чоруми кишвар эълон гардидааст, аз ин лиҳоз дар самти сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои саноатӣ бояд бештар кор бурда шавад.

  Баъдан Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон баромад намуда, таъкид дошт, ки рӯз то рӯз дастоварду муваффақиятҳои шаҳри Бохтар бештар мегарданд, аммо ба ин қонеъ нашуда, бояд боз ҳам бештар коро ҷоннок намоем ва камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро бартараф кунему ба дастовардҳои бештару беҳтар ноил гардем. Инчунин, раиси вилоят барои бартараф намудани мушкили дар самти афзудани қарз аз ҳисоби истифодаи неруи барқ, ба қалобӣ даст задани кормандони соҳаи барқ, риоя нагардидани маданияти шаҳрдорӣ аз тарафи шаҳрвандон, назорати фаъолияти тарабхонаҳо, марказҳои дилхушӣ, қонуншиконӣ аз тарафи ҷавонону занон, бе шартнома кор кардани санъаткорон дар тую маъракаҳо ба масъулин супоришҳо доданд. Дар идома раиси вилоят изҳор дошт, ки бояд бо дарки масъулияти баланд дар самти омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неруи кории худро истифода бурда, баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва иҷрои нақшаҳо аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурдан лозим аст. Бохтар маркази тамаддун буда, таърихи тӯлонӣ дорад. Аз ин лиҳоз, таърихи онро бори дигар бояд варақгардон кард ва гӯшаи гӯё ташкил намуд. То ҳар нафари вориди шаҳр гардида, бо ҳунарҳои мардумӣ ва таърихи шаҳр шинос шуда тавонанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.