Дастовардҳои  иқтисодию иҷтимоии вилоят назаррасанд

  10 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ҷаласаи ҷамъбастии соҳаҳои иқтисоди ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2018 доир гардид.

  Дар кори ҷаласа муовинони раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, раисону муовинони шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҷамоату шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

  Дар кори ҷаласа муовини раиси вилоят Раҷабов Раҷабалӣ оид ба ҷамъбасти дастовардҳои соли 2018  баромад намуда, қайд кард, ки ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилояти Хатлон дар соли 2018 ба 17 миллиарду 107,5 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати соли 2017-ум 6,8 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2018-ум ҳамагӣ 100,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1325 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 7,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соли 2018 дар вилоят 42556 ҷойҳои нави корӣ аз ҷумла, 11020 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва 31536 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ таъсис дода шуда, аз ҳисоби баргузории 280 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2881 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 5734 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин муовини раиси вилоят оид ба дигар самтҳо аз ҷумла музди меҳнат, савдо, гардиши савдои хориҷӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, содирот, саноат, сохтмон, нақлиёт ва роҳ, маориф, тадурустӣ, фарҳанг ва дигар масъалаҳо дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

  Дар охир раиси вилоят ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба камбудиҳои ҷойдошта баромад намуда, барои ислоҳи камбудиҳо  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.