Корвони саломати дар ноҳияи  Балхи

 Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайри сироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023”, Чорабинии  марказонидашудаи  тиббию   машваратӣ “Корвони саломатӣ” дар  МСД Тошробод-и н. Ҷ. Балхӣ дар сатҳи хуб гузаронида шуда,  20 нафар мутахассисони вилоятӣ, 1-адад дастгоҳи  сабти  барқии дил,  1-адад дастгоҳи ултрасадо ва  нақлиётӣ дармонгоҳӣ сайёри тиббии Маркази СПИД-и вилояти Хатлон (бо 1 адад дастгоҳи ултрасадо ва таҳлилҳои ВНМО, қанди хун) барои муоинаи тиббӣ сафарбар карда шуда, дар рафти “Корвони саломатӣ” 719 нафар эҳтиёҷмандон бо муоинаю ташхис  тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ фаро гирифта, ройгон  аз  муоинаи тиббӣ  гузаронида  шуда,  дар  рафти  муоинаи  тиббӣ 323  нафар беморон  дарёфт карда  шуда, тавсияҳо  ва  табобатҳо  фармуда шуданд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.