Дар вилояти Хатлон байни кӯдакон озмун гузаронида мешавад

 Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон 1-июн дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногун байни наврасону кӯдакон гузаронида мешавад.

 Мақсади ба тарзи хаёти солим ҷалб намудани кӯдакон ва дарёфти истеъдодҳои наврас дар байни хонандагони муассисаҳои томактабии вилоят аз 24 то 31 майи соли равон озмунҳои «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир» ва «Ихтироъкори беҳтарин» эълон карда мешаванд.

 Мақсад аз баргузории озмунҳои мазкур дастгирии истеъдодҳои наврасон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ дар байни наврасон мебошад.

Тибқи карори раиси вилояти Хатлон, барои ғолибон туҳфаҳои пулӣ ҷудо карда мешаванд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.