Пирӯзии «Хатлон» Бар «Регар-Тадаз»

 Дар даври ҳаштуми лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ қаҳрамони ҳафткаратаи кишвар «Регар Тадаз»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

 Ҳар ду голи тими «Хатлон»-ро ниммуҳофиз Кароматулло Саидов дар дақиқаҳои 6 ва 58-уми дидор ба ҳадаф расонид. Ин чаҳорумин пирӯзии «Хатлон» дар чемпионати имсола аст. Дастаи мазкур бо 13 имтиёз аз 8 бозӣ ҳоло дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Тими «Панҷшери»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ бошад бозияшро бо пешсафи мусобиқот – «Хуҷанд»-и Хуҷанд мусовӣ – 0:0 анҷом дод. Бозиҳои даври навбатӣ 19-21 май барпо мегарданд. Дар ин давр «Хатлон» дар сафар бо «Барқчӣ» ва «Панҷшер» дар Душанбе бо «Истиқлол» неру месанҷанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.