«Корвони саломатӣ» зиёда аз 4230 нафар сокинони шаҳри Бохтарро аз хизматрасонии ройгони тиббӣ баҳравард сохт

 Санаи 12 майи соли равон ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии эшон аз гирифторшавӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф «Корвони саломатӣ»-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафарбар гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар мутахасисони ботаҷрибаи соҳа аз ҷумла; сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ҷалб гардиданд.

 Дар рафти баргузории «Корвони саломатӣ» зиёда аз 4230 нафар сокинони шаҳри Бохтар аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархуурдор гардиданд. Аз ҷумла 169 нафар аз ташхиси ВНМО, 543 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ, 205 нафар аз ташхиси флюриографӣ, 208 нафар бо хуни донорӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон зимни баргузории «Корвони саломатӣ» 110 кӯдак хатна карда шуда, ба 6 нафар кӯдак ҷароҳии чураи модарзодӣ гузаронида шуда, 15 нафар чарроҳӣ, 10 нафар ҷароҳии чашм карда шуданд.

 Маврид ба таъкид аст, ки дар ҳайати корвони саломатӣ тамоми муассисаву сохторхои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ва дигар зерниҳодҳои дахлдор ҳузур доштанд.

 Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон аробачаи маъюбӣ ва ба қисмеи дигар асобағал (асо барои нобиноён) тақдим карда шуд. 

y.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.