Муқовимати устувор ба таҳдидҳо- омили таҳкими амният

(дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли 2018)

 Дар фарҳанги нави давлатдории мо, ки дорои анъанаҳои неки таърихӣ мебошад, ниҳоди сарварӣ тавассути ташаббускории доимӣ, таъмини идоракунии самараноки ҷомеа, шафофияти корбарӣ, робитаи зич бо дигар ниҳодҳо, аз он ҷумла бо  аҳли ҷамоатчигӣ, мақоми махсуси худро соҳиб буда, эътимод ва боварии иљтимоиро ба пуррагӣ соҳиб гаштааст.  Дар ин раванд яке аз омилҳои таҳкимбахшанда ин баррасии масъалаҳои муҳимму мубрами ҷомеа бо аҳли ҷамоатчигии кишвар мебошад, ки дар раванди он бисёр масъалаҳои калидии хусусияти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсидошта ҳаллу фасли худро дарёфт мекунанд. Ин таҷрибаи хуби идоракунӣ буда, имконият медиҳад, ки нуқтаи назари мардум ба инобат гирифта шавад. Чунин шеваи корбарӣ, ки бештар хоси демократияҳои бевосита маҳсуб меёбад, чиҳати фаъолгардонии ҷомеа, иштироки бевоситаи мардум дар раванди қабули қарорҳои муҳим, баррасии ошкоро ва шафофи масъалаҳои мубрам ва бо талаботи замон пайдошаванда нақши меҳварӣ дорад. Таҷрибаи қабули қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва раванди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, ки тавассути баррасии умумихалқӣ сурат гирифта буданд, нишон медиҳад, ки чунин усули корбарии сиёсӣ ва фароҳам овардани имконият баҳри ифодаи иродаи мардум эътимодро ба ҳокимияти сиёсӣ устувор гардонида, чиҳати шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аз ҷониби онҳо мусоидати комил менамояд.

 Баргузории мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, намунаи беҳтарини густариши робитаи ҳокимият бо ҷомеа мебошад. Омӯзиши суханронии Пешвои муаззами миллат имконият медиҳад, то дар он рукнҳои муҳимми зеринро ҷудо намоем, ки ҳар кадоми онҳо баҳри таъмини саодати рузгор, амнияти сартосарӣ, суботи комил, тарбияи насли худшинос ва муҷовимати устувор дар рӯ ба руйи таҳдидҳои дарпешистода аҳамияти калони иҷтимоию сиёсиро доро мебошанд:

 Якум, шинохти моҳият ва фазилати моҳи шарифи рамазон, аз олудаҳои хурофотӣ эмин доштани онҳо, дарки моҳияти рӯзадорӣ, хайру эҳсонкорӣ, риояи фарҳанги сариштакорӣ;

 Дуюм, таҳкими мавқеи ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шахсиятҳои баркамолу худшинос ва ба ҳамин васила, мусоидат намудан ба таҳкими худшиносӣ ва камолоти маънавии миллат, дарки муқаддасии истиқлолият ва ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои замони муосир;

 Сеюм, муқовимат бар зидди ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва терроризм, сиёсигардонии ислом, ҳифзи ҷавҳари дини мубини ислом ҳамчун дини инсонгароёна, пешгирии амалҳои зиддиҷамъиятии ба дин робитадошта ва истифодаи дин барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсӣ.

 Ин ҷанбаҳо аҳамияти муҳимми сиёсӣ дошта, ҳар кадоми онҳо ҳамчун омили таҳкимбахшандаи суботу ягонагӣ хизмат менамоянд. Вобаста ба масъалаҳои дар мулоқот зикргардида месозад қайд намоем, ки меҳвари ҳамаи онҳоро ба диқкати ҷомеа расонидани таҳдиду хатарҳое ташкил медод, ки қувваҳои манфиатхоҳи геополитикӣ бо истифода аз дини мубини ислом мехоҳанд роҳандозї намоянд. Махсусан, хусусияти хатарнок касб намудани паҳншавии ифротгароию терроризм ва ҳудуди ноамниҳо боиси нигаронии ҷиддӣ гашта истодааст.

 Бояд қайд намуд, ки ифротгароӣ ба қатори зуҳуротҳое дохил мешавад, ки пайдоиши он заминаҳои амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангию ақидавӣ дошта, мисолҳои зоҳиршавии он дар таърих хеле зиёданд. Вобаста ба ин маънидодкуниҳои гуногуни мафҳуми экстремизм ва терроризм мавҷуд мебошанд. Масалан, Дар Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ тафсири зерини ин мафҳум дода шудааст: «Ифротгароӣ ин фаъолиятест, ки ғасби зӯроваронаи ҳокимият ва бо зӯрӣ нигоҳ доштани он, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлат, таҳдиди зӯроварона ба амнияти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла бо роҳи ташкили созмонҳои ғайри қонунии мусаллаҳ ва ё иштирок дар фаъолияти онҳо»-ро ифода мекунад»

 Сиёсатшиноси тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон ифротгароиро маънидод намуда менависад, ки «экстремизми сиёсӣ ин идеология, сиёсат ва қувваи экстремистию террористиест, ки  аз ултраростҳо то ултрачапҳо ҳама дар муборизаи сиёсӣ барои ҳокимият кӯшиш намуда, барои ноил гаштан ба мақсадҳои худ ба корҳои «нохалаф», ба монанди қуваи зӯрӣ ва суйиқасд ба ҳаёти ҳарифони худ даст мезананд»

Дар китоби «Муколамаи давлат ва дин дар Тоҷикистон» омадааст, ки «Ифротгароии динӣ фаъолиятест, ки моҳияти динӣ дошта, зери пардаи дин ба амал омадааст ва барои бо роҳи зӯрӣ тағйир додани ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва тамомияти арзии давлат мубориза намуда, барои расидан ба ин мақсад аз доман задани ихтилоф аз хусумати динӣ парҳез намекунанд. Ифротгароии асоси дини дошта ҷонибдори андешаҳо ва амалҳои тундгароӣ дар дин ҳастанд»

 Ифротгароӣ дар шаклу намудҳои гуногун зуҳур ёфта, дар ҳама ҳолат ифодакунандаи манфиат ва мақсадҳои гурӯҳҳое будааст, ки ба онҳо каҷрафтории иҷтимоӣ хос буда, дар муҳити иҷтимоии мавҷудаи ҷомеа мавқеи худро дарёфт карда наметавонистанд. Ба ин каҷрафторӣ онҳоро тафовути ақидавӣ, ки чанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва миллию этникӣ доштанд, водор менамуд.

 


[1] Шанхайская Конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом.//Ратифицирована Постановлением Маджлиси нояндагон Маджлиси Оли РТ от 30.01.2002г. №513 (в редакции Протокола от 5.09.2003г.).

[2] Муҳаммад Абдураҳмон. Инсон.Сиёсат.Ҷомеа. Душанбе, 2018.С.169

 

  Ин аст дар илми муосир мафҳумҳои ифротгароии сиёсӣ, ифротгароии миллӣ, ифротгароии  динӣ ва дигар шаклҳои он  мавриди омӯзиш ва истифодаи васеъ қарор дошта, ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ хусусиятҳои фарқкунандаи худро дошта, дар умум бошад ифодакунандаи мавқеъ ва иделогияе мебошанд, ки дар маҷмуъ бартарияти ақидавии худро дар масъалаҳои номбаршуда инъикос намуда, дарки мавзуъ бидуни ҳама гуна таҳаввулоти ақида ва мафкура, гузашту созиш ба миён гузошта мешавад. Яъне, ин шакли ташаккулёфтаи мафкураест, ки арзишҳои дар доираи системаи муайян ҷо ба ҷо кардаи  онҳо хусусияти тағйирнопазир, догматикӣ, инкоркунандаи хусусияти замон ва вақт дошта, ҳама гуна талоши бозсозӣ ва бознигарии онро қабул  намекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб, ифротгароӣ дар ҳама шаклҳои мавҷудааш омили таҳдидовар ба амнияти миллатҳо ва давлатҳо маҳсуб ёфта, оқубатҳои он барои тамоми низомҳо метавонад харобиовар бошад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар пайи фаъолияти ифротгароёна ҳадафҳои ҷудоихоҳӣ, бартариятҷуйӣ, бозгашт ба низоми тирания, қафоравии миллатҳо ва ҳатто тамаддунҳо хос мебошад.

Ин зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дорои сохтори мураккаби худ буда, ҷанбаҳои ақидавӣ, рафторӣ ва институтсионалиро  дар бар мегирад.

Муайян намудани ҷанбаҳои ақидавию рафтории он масъалаҳое мебошанд, ки дар кушодани моҳияти ин зуҳуроти манфӣ ва хатарбори ҷомеа нақши босазо дошта метавонад.

Ифротгароӣ ҳамчун ақида, идеология, мафкура ва ҷаҳонбиние мебошад, ки ба принсипҳои бартариятхоҳӣ дар низоми арзишҳо, инкори ақидаҳои дигар, ҷонибдорӣ аз амалҳои радикалӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад ва напазируфтани низоми мавҷудаи сиёсию идоракунӣ дар давлат асос меёбад. Ҷонибдорони ин ақидаҳо баҳри ҳақ баровардани мавқеъ, дуруст нишон додани арзишҳои худ пурра ва ё қисман  арзишҳои умумипазируфташудаи иҷтимоиро инкор намуда, қодиранд барои тасдиқи ақидаҳои худ аз роҳу воситаҳои зӯроварона истифода баранд. Масалан, дар доираи дини ислом ин амали худро бо мафҳуми «ҷиҳод» маънидод намуда, бо ин роҳ дар роҳи ҳақиқат қарор доштани худро собит менамоянд. Тавассути тафовути ҷиддии мафкуравии худ кӯшиш менамоянд то дар зоҳир низ аз дигар аъзои ҷомеа ҳудро тавассути намои зоҳирии фарқкунанда ва дигар аломатҳо, аз қабили сару либос ва одоби муносибат  ҷудо намуда, ин амали худро амали ҳақ нишон диҳанд.

 Аз диди психологӣ инҳо нафароне мебошанд, ки ақл ва зеҳни онҳо дар доираи системаи муайяни арзишҳои ба онҳо таҳрикшуда карахт шуда, қобилияти дарки дигари масъаларо надоранд.  Қобилияти шинохти равандҳо ва руйдоду зуҳуроти ҷомеаро ин нафарон аз даст медиҳанд. Ҳама гуна арзиши берун аз доираи мафкуравии худро ҳамчун ботил инкор мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, онҳо дар рафтори худ якрав, худхоҳ, барои ҷомеа ва атрофиён хавфнок, дар мубоҳиса таҳаммулнопазир мешаванд. Вале дар доираи фаҳмиши худ осон идорашавандаанд. Ақл, ирода ва рафтори онҳоро хоҷагон ва ё «устодони маънавияшон»  осон идора мекунанд. Дар роҳи амалӣ намудани ғояи дар сар доштаи худ қатъӣ ва ҷиддӣ мебошанд. Дар ин роҳ боҷуръат, нотарс ва ҷасур мешаванд. Зеро онҳоро ғуломи ким-кадом ғояи рузӣ саодат кардаанд. Барои онњо ҳаёти инсонӣ арзише надошта, худи онҳо тайёранд дар дилхоҳ лаҳза ба амалҳои даҳшатноки террористӣ даст зада, бо зиндагӣ дар ин дунё падруд гӯянд. Ин самти масъала аллакай ҷанбаи рафтории онҳоро дар бар мегирад. Яъне, мағзшуйие, ки онҳо гирифтор шудаанд, водор месозад, ки тавассути идораи беруна амалҳои тарҳрезишударо амалӣ намоянд. Сар задани садҳо амалҳои экстремистию террористӣ  ҳамарӯза дар ҳама гӯшаю канори дунё нишонаи амиқи фаъолияти қувваҳои муайяни геополитикӣ дар самти мазкур буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки паҳншавии равияҳои ифротӣ ва мафкураи ифротӣ имрӯзҳо бо суръати таҳдидовар гузашта истодааст. Таҷрибаи талхи ҷалби ҷавонони мо низ ба ин равияҳо бозгуйи он аст, ки имкониятҳои иттилоотӣ ва молиявии ҳаракату ташкилотҳои террористию экстремистӣ боиси ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба ин амалҳои хатарбор гашта истодаанд.

 Ҳаракату ташкилотҳои  экстремистӣ дар ҷаҳони муосир вобаста ба захираҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои молиявию шабакавии худ на танҳо дар доираи мамлакатҳои алоҳида,балки ҳамчун ҳаракатҳои экстремистии хусусияти байналмилали дошта низ фаъолият намуда истодаанд. Имрӯз метавон садҳо ташкилоту ҳаракатҳои экстремистиро номбар намуд, ки дорои сохтори мукаммали дохилӣ буда, дар онҳо тақсимоти вазифаҳо, сатҳҳои роҳбарикунанда, захираҳои молиявӣ ва техникию технологӣ амиқ муайян гаштаанд. Тибқи иттилои Академияи муколама «аз руйи баъзе маълумотҳо имрӯз дар ҷаҳон 100 созмони террористии бузург фаъолият дорад, ки бо якдигар дар робита ва ҳамкории доимӣ ҳастанд. Дар маҷмуъ агар созмону гурӯҳҳои хурдро ҳам ба назар бигирем, теъдоди онҳо ҳудуди панҷ ҳазорро ташкил медиҳад».

Таҳлили мазмунӣ ва сохтории ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти онҳо ба таври хаотикӣ набуда, балки ҳамчун сохтори муташаккил, дорои низоми муайяни муносибатҳо, аз он ҷумла муносибатҳои иерархӣ, идеологияи пуриқтидори ташаккулёфта, иқтидорҳои шабакавии муосир ва захираҳои боэътимоди инсонӣ мебошанд. Мубориза ба муқобили чунин зуҳуроти тањдидовари глобалӣ андешидани чораҳои қатъиро дар ин самт тақозо менамояд. Маҳз аз ҳамин сабаб, Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо,  эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад».

 Дар муқовимат ба муқобили ин хатар низомҳои сиёсӣ метавонанд фаъолиятро дар ҷодаи муносибатҳои байни системавӣ ва дохили системавӣ амалӣ намояд.

 Фаъолияти байнисистемавӣ дар марҳилаи кунунӣ, ки ҳамбастагии ҷаҳони муосирро зич гардонда истодааст, бағоят муҳим аст. Воқеияти сиёсии муосир нишон дода истодааст, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ ба пуррагӣ наметавонад ин хатарро решакан намояд, зеро

 


[1] Муколамаи давлат ва дин дар Тоҷикистон//Ализода Б.п, Абдухолиқов А. Искандаров Қ.И.,Ниёзов А.С., Нуриддинов Ҳ. Душанбе, 2010.С.182.

доираи паҳншавӣ ва робитахои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҷаҳони имрӯза терроризму ифротгароиро ҳамчун хатари умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили онҳо мувофиқи мақсад мешуморад.

Механизмҳои дохилисистемавӣ гуфта, он ниҳодҳоеро дар назар дорем, ки фаъолияти онҳо дар сатҳи ҷомеа амалӣ гашта, муносибатҳои иҷтимоӣ аз ҷониби онҳо тавассути низоми мавҷудаи ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ, урфу одат ва анъанаҳо амалӣ карда мешаванд. Мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигиро метавон хамчун намунаи фаъолгардонии механизми дохилисистемавӣ маънидод намуд.

Қисми таркибии механизми дохилисистемавиро бе мавҷудияти ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва анъанавӣ тасаввур кардан мумкин нест. Дар ин самт фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои анъанавӣ бағоят муҳим мебошад. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчун иттиҳодияҳои хурди одамон дар самти татбиқи ҳадафҳои муайяни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ фаъолият намуда, қудрати таъсиррасониро ба афкори омма тавассути барнома ва лоиҳаҳои худ доранд. Ин аст, ки ҷалби ташкилотҳои чамъиятӣ ба пешгирии амалҳои ифротгароӣ дар сурати фаъолияти ҳамоҳанги онњо бо маќомоти давлатї метавонанд василаи самарабахш дар ин самт гарданд.

Институтҳои анъанавӣ, аз он ҷумла Шӯроҳои калонсолон, шахсони обрӯманди маҳалла ва кӯчаҳо, занону ҷавонони фаъол, ходимони дин, олимон ва аҳли зиё, ки табақаи таъсиррасону бонуфуз ва обрӯмандро ташкил медиҳанд, метавонанд тавассути ташкили фаъолияти тарғиботию маърифатӣ баҳри пешгирии ин равияҳо саҳми босазо дошта бошанд. Зеро ин гурӯҳи шахсиятҳо дар ҷомеа тавассути дарки баланди воқеият, илм, ғояҳо, фикру ақида ва донишҳои илмию динии худ метавонанд баҳри дарки воқеии моҳият ва мазмуни  равияҳои ифротӣ мусоидат намоянд. Дар баробари ин таъкиди Пешвои муаззами миллат чиҳати баланд бардоштани таъсирнокии

 


[1] Хидирзода М.У.Роҳҳои пешгирии терроризм ва ифротгароӣ// Истиќлолият ва стратегияҳои муваффақ. Душанбе, 2018.С 123

 

корҳои тарғиботию маърифатӣ саривақти мебошад, ки  онҳо набояд хусусияти мавсимӣ, бо суханони хушку холӣ, ифтихороти зоҳирӣ дошта бошанд, балки тавассути тарбияи мунтазами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа – аз оила то коргоҳ бартараф карда шаванд.

 Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки  баҳри қувват гирифтани зуҳуроти ифротгароӣ таъсир расонида истодааст, ин пурқувват гаштани ҷанбаи гендерии он мебошад. Омӯзиши раванди ифротгароӣ нишон медиҳад, ки дар баробари мардон ҳарчи бештар ба ин ҳаракату ташкилот ва гурӯҳҳо занон низ ҷалб шуда истодаанд.

 Ҳамин тариқ, таҳлили моҳият ва чанбаҳои сохтории ифротгароӣ нишон медиҳад, ки ин зуҳурот сиёсати тарҳрезишудаи қувваҳои манфиатдори геополитикӣ буда, яке аз стратегияҳои то имрӯз муваффақ дар назария ва амалияи бархӯрди тамаддунҳо маҳсуб меёбад. Чуноне, ки омӯзишҳо нишон медиҳанд,  дар замони бархӯрди тамаддунҳо тамаддунҳои пурқувват тамаддунҳои хурдро фурӯ мебаранд. Вале тамаддуни исломӣ имрӯз тамаддуне нест, ки онро ба осонӣ фурӯ бурда шавад. Бинобар ҳамин ҳам яке аз усулҳои стратегии заифгардонии он ин таъсиси даҳҳо ва садҳо гурӯҳу равияҳои тундгаро ва ифротӣ мебошад, ки аз диди иқтидори демографию иқтисодӣ ва зеҳнӣ ҷаҳони исломро заиф мегардонад. Ин стратегия стратегияи хавфнок буда, воқеияти сиёсии ҷаҳони имрӯза онро собит намуда истодааст. Бинобар ҳамин аст зарур аст, ки дарки ин хатар аз ҷониби ҳар як узви ин тамаддун эҳсос карда шавад.

                                                                                                                                                                                               Хидирзода М.У.

                                                                                                                                          Муовини Раиси вилояти Хатлон

 

                                                         

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.