Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодии кишвар Конфронси ҷумҳуриявӣ дар Хатлон

 Дар вилояти Хатлон фестивали ҷумҳуриявии «Марҳабо ба Хатлон» бо иштироки зиёда аз шаст нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни чумҳурӣ баргузор гардид.

 Фестивали мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи фестивал иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии «Ҳулбук», оромгоҳи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ ва маркази дилхушии «Хуррамшаҳр», маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Бохтар дидан намуданд.

 Дар доираи чорабиниҳои фестивал ҳамзамон дар Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён конфронси ҷумҳуривӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодии кишвар» баргузор шуд.

 Дар конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода баромад намуданд.

 Эълон гардидани Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои васеъ барои рушди туризм ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар фароҳам меоварад, зикр кард Махфират Хидирзода.

 Зимни баромади худ Раиси Кумитаи рушди сайёҳи таъкид намуд, ки имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ васеъанд ва аз ин истифода бояд бурд. Дар ин самт бояд ширкатҳои сайёҳӣ бештар фаъол бошанд ва имконияти таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ низ ба фоидаи кор мебошад.

Novyj-risunok-1-17.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.