ХАТЛОН. МАҲФИЛИ ШИРУ ШАКАР

 Маҳфили «Ширу шакар» дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар бо иштироки шоирони шинохтаи вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Дар он раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озар (Миралӣ Салим) ва раиси бахши нависандагони Тоҷикистон дар вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ланҷӣ ширкат намуда, маҳфилро дарякҷоягӣ пеш бурданд. Як – як шоирони маъруф ва пешсафи ду вилоят баромад карда, васфу ситоиши дӯстиву рафоқат, шеъру шоирӣ, Ватан-Модар ва ишқу муҳаббат намуданд.

 Аз рафти чорабинии мазкур айён буд, ки шоирони ду вилояти кишвар ин лаҳзаро дер боз интизор буданд ва бо муҳаббати беандоза нисбати якдигар шеъру сухан мегуфтанд. Дар ҳар як баромад ситоиши муҳаббати шоирони Хатлону Бадахшонро мекарданд. Илова бар ин дар маҳфил аз ҳардуи вилоят шоирони навқалам даъват гардида буданд ва онҳо низ баромад карда, аз дастгириҳои устодон, шакли эъҷоди шеър, рафоқат ва пайвандии мардуми ду минтақи мамлакат ҳарф зада, мисраҳои шеърии эҷодкардаи шогирдонаи худро пешкаш карданд. Устодони шеъру сухан ба ин навқаламон аҳсан гуфта, баҳри пешарфти эшон маслиҳатҳои худро дареғ надоштанд.

 Дар раванди маҳфил маҷмуаи эҷодкардаҳои худро тақдими якдигар намуданд, ки бештаркунандаи меҳру муҳаббат дар дили онҳо буд. Ғайр аз ин чанде аз кормандони бахши фарҳанги шаҳр сурудҳоро аз шеърҳои эъҷодкардаи шоирони Хатлону Бадахшон пешкаш карданд, ки боиси таҳсину офарин гардид. Дар толор барои тамошои ин маҳфил на танҳо кормандони ташкилоту муассиса ва доиншҷӯёну хонандагон, балки занони соҳибкору хонашин ва мардон аз касбу кори гуногун, ки дӯстори шеъру сухананд омада буданд.

  Умуман гуфтан мумкин аст, ки маҳфили «Ширу шакар» дар сатҳи баланд доир гардид ва рафти он ҳамагонро писанд омад. Гуфта шуд, ки чунин маҳфилҳо боз дар Бадахшон ва боз дар Хатлон баргузор мегардад. Ҳамкории шоирони Хатлону Бадахшон зич аст ва боз ҳам зичтар мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.