ҶАМЪБАСТИ ДАСТОВАРДҲОИ ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1-и ШАҲРИ БОХТАР

 Рӯзи 15 майи соли ҷори  Дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбасти дастовардҳои литсей дар соли таҳсили хониши ҷорӣ баргузор гардид. Директори литсей Қосимзода Баҳригул баромад карда, иброз дошт,ки дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар сатҳи вилоят хонандагони синфи 11ум соҳиби 16 ҷой ва хонандагони синфи 9-10 соҳиби 27 ҷой гардиданд. Дар даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони синфи 11 ум соҳиби 4 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

 Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокчиёни олимпиадаҳо ва омӯзгорони онҳо сипоснома ва мукофотпулӣ аз 500 то 1000 сомон тақдим карда шуд.

 Дар ҳақиқат ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон ба ҳамин воситаҳо метавонад, ки сафи нафаронеро, ки баҳри ба даст овардани муваффақият ва дастболо кардани муассиса кӯшиш мекунанд, бештар мешавад. Инро ба инобат гирифта литсейи мазкур ҳамасола омӯзгорони натиҷадор ва шогирдони беҳтаринашро ҳавасманд мегардонад.

 Бовари ҳаст, ки ин шогирдони босавод дар самти пешбурди кори давлату миллат бо истифодаи донишу маҳорати баланди хеш саҳмгузорӣ менамоянд. Фарзандони номбардор ва пурифтихори давлату миллат мегарданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.