Кӯлоб. Корхонаҳои хишт ба кор даромаданд

 Айни замон дар шаҳри Кӯлоб се корхонаи истеҳсоли хишти пухта, корхонаи ҶДММ «Хишти Кӯлоб», ҶДММ «Иборатмоҳ», ҶДММ «Умед -2012» фаъолият менамоянд. Бо фаро расидани мавсими гармо корхонаҳои фавқуззикр пурра ба фаъолият оғоз намуда, зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлобро ба кор фаро гирифтаанд.

 Бояд тазаккур дод, ки корхонаи ҶДММ «Умед -2012» бо ҷалби мутахасисони хитоӣ сохта ба истифода дода шуда, зиёда аз 3 сол аст, ки фаъолият намуда истодааст. Хишт дар тафдонҳои корхонаҳо ба воситаи ангишт пухта шуда, дастраси мизоҷон гардонида мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолшуда, яъне хишти пухта пурра аз ашёи маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ба мардуми минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон дастрас карда мешаванд. Дар соли 2017 корхонаҳои зикршуда ба маблағи 1 млн 300 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.