Дурнамои кишти Пахта иҷро шуд

 Кишоварзони вилояти Хатлон аввалин шуда иҷроиши дурнамои кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ 100% таъмин намуданд.

  Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати кишоварзӣ, мувофиқи дурнамо соли ҷори дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 187500 га дар назар дошта шуда, дар рӯзҳои наздик кишти он ба анҷом мерасад. Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда кишти пахтаро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16961 га зиёд анҷом додаанд. Дар ҷумҳурӣ дурнамои кишт 98% иҷро шудааст. «Кишоварзони вилояти Хатлон азм доранд, ки имсол низ агротехникаи парвариши пахтаро дуруст ба роҳ монда, чун соли қаблӣ аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд», -зикр кард манбаъ аз Вазорати кишоварзӣ.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.