Cафари Қ. Расулзода Ба Данғара

 8-май Ҷиҳати шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонии корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Данғара сафар дошт.

 Дар Данғара Қоҳир Расулзода аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид кард. Дар МОИ «Данғара» чанд сол қабл сохтмони корхонаи нафт оғоз гардида  буд, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда навбати аввали он дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Ин сеюмин корхонаи бузурги нафт дар минтақаи Осиё хоҳад буд, ки дар Тоҷикистон сохта мешавад. Дар идомаи сафар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонии ҶСП «Ҷунтай-Син Силу Текстил» ва дигар корхонаҳои истеҳсолии ноҳия шинос шуданд. Сарвазири мамлакат бо назардошти суръати пасти корҳои сохтмонӣ аз масъулон талаб намуд, ки корҳои сохтмонии иншооти мазкур бояд дар муҳлати пешбинигардида, бо сифати баланд анҷом дода шаванд. Қ. Расулзода дар идомаи сафар бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Имоми Аъзам» ва «Хуросон» шинос шуд. Дар тобеияти хоҷагии деҳқонии «Имоми Аъзам» 82 гектар замин мавҷуд буда, аз он 72 гектарашро боғҳои мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда ташкил медиҳанд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.