СОКИНОНИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ МЕҲМОНОНИ МАРКАЗИ БАДАХШОНРО САМИМОНА ПАЗИРОӢ НАМУДАНД

  Гурӯҳи 170 нафараи иштирокдорони Рӯзҳои  фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар вилояти Хатлон, ки мансуби фарҳангиёни шаҳри Хоруғ буданд,  тайи 3 рӯз меҳмони сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гардиданд.  Меҳмононро бегоҳи рӯзи 11-уми май фаъолону аҳли ҳунари ноҳия дар даромадгоҳи ноҳия бо самимияти хоса пазироӣ намуда, сипас онҳоро мардуми ба истиқбол баромада то маркази ноҳия-шаҳраки Маскав, бо парафшонии парчамҳою дастафшониҳои хеш, хушомадед гуфтанд.Меҳмонони шаҳри Хоруғро дар майдони Исмоили Сомонӣ, гурӯҳи калони занҳои чакану атласпӯш бо рақсу суруд ва доирабазм пазироӣ карданд.Баъди ба анҷом расидани чорабиниҳои таҳрезишуда, меҳмонони бадахшониро ба манзилҳои муайяншудаи истиқоматии сокинони ноҳия ҷобаҷо намуданд.

    Аз субҳ то нисфирӯзии рӯзи 12-уми май бо иштироки меҳмонон як қатор вохӯрию чорабиниҳои фарҳангии баргузор карда шуд. Чунончӣ дар толори қисми ҳарбӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат», дар толори бинои «Тоҷиксодиротбонк» дар мавзӯи «Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат», дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо иштироки адибон маҳфили «Ширу шакар», дар филармонияи ба номи О. Ҳошимов намоишномаи театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров ва ба ҳамин монанд дигар чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид.

     Меҳмононро субҳи 13-уми май аз майдони Исмоили Сомонии шаҳраки Маскав ба ҷониби маркази вилоят шаҳри Бохтар гусел намуданд. 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.