Ташрифи раиси вилояти Бадахшон ба вилояти Хатлон

 Имрӯз бо ташабуси раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, меҳмонони гиромиқадри вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки бо иштироки раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, дар даромадгоҳи ноҳияи Кӯшониён бо нону намак ва суруду тарона бо  шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. Сипас меҳмонон ба шаҳри Бохтар ташриф оварда, дар чорабиние, ки ансамбли шашмақоми вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи шашмақом дар театри Ато Муҳамадҷонов омода намуда буданд ташриф оварданд. Дар ин чорабини Д. Гулмаҳмадзода ба сухани табрики  баромада авалан   ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайру мақдам гуфта, аҳли санъати шашмақомро ба Рӯзи шашмақом , ки ҳамасола 12 май ҷашн гирифта мешавд табрику муборакбод намуд. Ҳамчунин, пас аз анҷом ёфтани чорабинии фарҳанги худи ҳамон рӯз раиси вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ», ки дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  воқеъ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар баргузор гардид иштирок намуд.  Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд гузаронида шуда, хурсандии меҳмонон ҳаду канор надошт.

 Ёдовар мешавем, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тули серӯз мешавд,  ки Рӯзҳои фарҳангии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида истодааст.

20180512_172928.jpg20180512_173121.jpg20180512_172331.jpg20180512_160743.jpg20180512_173502.jpg

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.