ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ БАДАХШОН ДАР ҚУБОДИЁН

 Дирӯз гурӯҳи кории беш аз 150 нафараи навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа бо мақсади намоиши ҳунар ва фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вориди ноҳияи Қубодиён гардиданд.

 Меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳайати роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова дар даромадгоҳи ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол намуданд.

 Дар маросими пешвозгирӣ дастаҳои ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия намоишҳо ва барномаи рангини консертиро пешкаши меҳмонон намуданд.

 Гуфта мешавад, ташрифи гурӯҳи кории ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа ба ноҳия дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон, ки рӯзҳои 10-14 майи соли равон дар якчанд шаҳру навоҳии вилоят ба нақша гирифта шудааст, сурат мегирад.

 Қарор аст, имрӯз чорабиниҳои фарҳангиву театрӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили занони Бадахшон ва Хатлон дар мавзӯи «Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Маҳфили адибон» ва “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки меҳмонон ва намояндагони ноҳия баргузор карда шавад.

2018-05-11 17-50-11.JPG2018-05-11 17-50-23.JPG2018-05-11 18-09-33.JPG

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.