ШИНОСОЙИ БАДАХШОНИҲО БО ФАЪОЛИЯТИ КДФ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КАНАЛИЗАТСИЯИ ШАҲРИ БОХТАР

 Меҳмонон аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар қисмати дуюми рӯз аз КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр дидан намуданд.

 Меҳмононро аз даромадгоҳи корхона бо гулу гулдаста, садои карнай, рақсу бозӣ ва шеъру сухан пешвоз гирифтанд. Мувофиқ ба гуфти меҳмонон ин гуна қабул дар чунин идора ғайри интизор буд. Илова бар ин аз ҳисоби маҳсулоти хоҷагии ёрирасони назди идораи мазкур дастурхони пур аз меваҳои гуногун ороста шуда буд, ки меҳмонон инро ҷолиб арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки ин идора дар кутоҳтарин муддат тавонист, ки ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардад ва шароиту имкониятҳоро беҳтар созад. Дар самти иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои хеш кормандони идораи мазкур аз ҳамаи имкониятҳо мувофиқи матлаб истифода мекунанд. Меҳмонон бештар майли дидан кардан аз хоҷагии ёрирасони идораро карданд ва давоми чанд соат бо хуби ба фаъолияти хоҷагӣ шинос шуданд.

 Дар ҳақиқат ин идора дар соли 2017 тавонист, ки заминҳои бекорхобидаи ҳудуди идораро ба кор дарорад. Дар заминҳои бекорхобидаи идора гармхонаҳои зиёди замонавӣ ташкил карда шуд. Дар гармхонаҳо бодирингу помидор, қаламфур, кулубник, харбуза ва дигар намуди меваю сабзавотро парвариш намуданд, ки имрӯз лаҳзаи ҳосилғундории қисмате аз сабзавоту меваҷот мебошад. Мувофиқ ба гуфти роҳбарияти идораи мазкур алакай хоҷагӣ ба пардохт кардани харҷҳои худ шуруъ намудааст ва боварӣ ҳаст, ки дар як-ду соли дигар ҳамаи харҷҳоро мепушонад ва ба фоидаи идора фаъолият карданро оғоз менамояд. Имрӯз помидор ва бодиринги корхона бозорҳои шаҳрро гармтар мекунанд ва бо нархҳои муайян ба фуруш монда шуда истодаанд.

 Бобати фаъолияти КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсия, инчунин хоҷагии ёрирасони он меҳмонон таваҷҷӯҳи зиёд намуда, зиёда аз як соати бо роҳбарият ва мутахассисони идора суолу ҷавоб намуданд то ин ки аз сири корӣ хубтар огоҳ шаванд.

 Дар қисмати охири вохӯрӣ дар саҳни идора рақсу бозӣ ташкил карда шуд, ки аз шодӣ ва якдилӣ гувоҳи медод. Инчунин як расми хотиравии меҳмонон бо кормандони КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар вохӯриро ба анҷом расонид.

2_3.JPG1_1.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.