АТЛАСУ АДРАСБОФИИ БОНУВОНИ БОХТАРӢ БАДАХШОНИҲОРО ТАСХИР КАРД

  Мувофиқи нақша гуруҳе аз меҳмонони Бадахшонӣ аз литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар ва ҳунаромӯзии шогирдони ин даргоҳ дидан карданд. Махсусан атласу атрасбофии гулдухтарони шаҳри Бохтар, ки дар литсейи мазкур ба тозагӣ ташкил карда шудааст, меҳмононро тасхир кард. Дар ҳақиқат лаҳзае чанд ҳамагон тавонситанд, ки аз ҳунару маҳорати баланди духтарони шаҳр дидан кунанд.

 Мушоҳида гардид, ки онҳо бо як маҳорати баланд аз уҳдаи атласу адрасбофи мебароянд. Таҷҳизоти зарурӣ барои кор дар ин самт муҳайё мебошад. Чанде аз ин духтаракони ҳунарманд барои такмили маҳорат ба дигар минтақаҳои кишвар сафарбар гардидаанду малакаи кории хешро беҳтар намудаанд. Илова бар ин мувофиқ ба гуфти иҷрокунандаи мудири бахши занони шаҳри Бохтар Маҳбуба Бобоҷонова дар ин миён духтароне низ ҷой доранд, ки бо маҳорати баланди хеш дар озмунҳо иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Нафароне низ ҳастанд, ки ба тозагӣ ба ин даргоҳ омада, ҳунар омӯхта истодаанду баробари дигарон кор мекунанд.

  Чанде аз ҷавонони вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар суҳбат гуфтанд, ки чунин ҳолати кориро мо дар оинаи нилгун дидаем ва имрӯз имкон даст дод, ки кори ҳунармандонро аз наздик бубинем. Вохӯрии онҳо дар литсейи мазкур бо рақсу суруду шодӣ анҷом ёфт. Барои ҳар яке аз онҳо ин вохӯрӣ фаромӯшнопазир боқи хоҳад монд.

2_2.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.