МЕҲМОНДОРӢ ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ БОХТАР БА НОМИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

 Рӯзи 12.05.2018 як гуруҳи меҳмононро аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ бо рақсу суруд, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва шеъру сухан истиқбол гирифтанд.

 Дар ҳақиқат имрӯз ба чашм мерасид, ки меҳмонон аз ҳузурашон дар шаҳр шоду масруранд. Кормандони китобхона ва дӯстдорони китоб бо чеҳраи кушодаву меҳру муҳаббати беандоза ва шукргузории тинҷиву осоиштагии меҳан ба пешвози гуруҳи зиёда аз 100 нафараи меҳмонон баромада, васфу ситоиши якдилии мардуми сарбаланди тоҷик, тинҷиву осоиштагии меҳан, таърихи Бадахшони куҳӣ ва китобу китобхона намуданд. Меҳмонон аз китобхона дидан карданд. Кормандон ва роҳбарияти китобхона дар бораи китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр, китобҳо, китобхонҳо, шароиту имкониятҳо ва фаъолияти ҳаррӯзаи китобхона маълумоти муфассал доданд.

 Гуфта шуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ шумори китобхонҳо дар шаҳр рӯ ба афзоиш дорад ва шароиту имкониятҳо низ беҳтару хубтар мегарданд. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки давлату ҳукумати кишвар нисбат ба китоб ва китобхона таваҷҷӯҳи махсус дорад ва барои беҳбуди бахшидан ба фаъолияти корӣ аз имкониятҳо истифода мекунанд.

 Сипас аз тарафи директори китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бохтар ба роҳбари гуруҳи меҳмонон чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ туҳфа тақдим намуд. Роҳбари гуруҳи меҳмонон барои қадрдонӣ ва эҳтиром изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи қабули сатҳи олӣ, муносибати дӯстона, меҳмоннавозии тоҷикона ва фарҳанги баланди Бохтариҳо табодули афкор кард. Қайд намуд, ки дар бораи маркази вилояти Хатлон, шаҳри имрӯзаи Бохтар зиёд шунида будем ва медонистем, аммо то имрӯз бехабар аз он будем, ки ин ҷо ин қадар мардуми дилгарм, меҳмондӯст, дорандаи фарҳанги боло, маданияти баланди инсондӯстона, ватанпараст, шукргузор иститиқомат мекунанд. Боварӣ ҳаст, ки ин вохӯриҳо дар самти боз ҳам наздиктар шудан ва бештар гардидани муҳаббати инсондӯстона миёни Бадахшониён ва Хатлониҳо мусоидат менамояд. Мо акнун рафту омади наздикро шуруъ мекунем то дар якҷоягӣ ин ватанро ободтару зеботар кунем.

 Дар қисмати дигари вохӯрӣ хонандагони китобхолна дар бораи китобҳо ва бузургони вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон маълумот доданд. Бо ҳамин дар китобхона вохӯрӣ ба анҷом расид. Меҳмонон аз рӯи нақша дидан карданро аз дигар гӯшаву канори шаҳр, мавзеҳои диданиву сайёҳӣ ва таърихӣ идома доданд.

DSC_0038.jpg3_1.JPG

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.