Сайру гашт дар ҳавои тоза, истеъмоли хӯроки серғизо, худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсияҳои табибон барои пешгирии зуком

  Бояд гуфт, ки баробари фаро расидани фасли сармо шумораи гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, бемории зуком зиёд мешавад. Дар вақти якбора иваз шудани боду ҳаво масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.

 «Бо фаро расидани фасли сармо вазъи бемории шадиди роҳҳои нафас ва зуком номуътадил гардида, сатҳи бақайдгирии ин маризиҳо зиёд мегардад. Сабабҳои ба ин гуна бемориҳо дучор шудан ба сардӣ пурра мутобиқ нашудани организми одам ё паст шудани масунияти бадан мебошад, ки ин гуна ҳолат бештар ба кӯдакон ё шахсони калонсол зарари худро мерасонад.

 Тавсияи пешгирикунанда аз зуком ин пеш аз ҳама, риояи реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст, худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

  Бояд зикр кард, ки сарчашмаи вирусҳо шахси бемор аст, чунки ҳангоми атса ё сулфа задани бемор вирусҳо дар ҳаво паҳн шуда, ба одами солим мегузаранд. Аз ин рӯ ҳангоми муошират бо шахси бемор аз ниқобҳои махсус истифода кардан ё ин ки дар масофаи дуртар истодан зарур аст.

 Ба гуфтаи мутахассисон, ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҳар намуд вирусҳо ба қайд гирифта мешаванд. Барои муайян намудани вирусҳо дар Хадамоти назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологӣ ташхисгоҳи вирусологӣ фаъол буда, таҳлилҳои бемории зуком онҷо гузаронида мешаванд. Ба ин восита муайян карда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ кадом намуди вирусҳо гардиш ва бартарӣ доранд.

 Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, эҳтимоли воридшавии бемории зуком аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон мавҷуд аст. «Тавре медонем, рафтуомад байни шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва аз он ҷо ба Тоҷикистон зиёд аст. Бинобар ин яке аз роҳҳои интиқоли бемориҳои сироятӣ, махсусан бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар ин мавсим муҳоҷирон мебошанд. Дар баробари ин дар мавсими тирамоҳу зимистон муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан бармегарданд. Дар ин ҳол интиқоли бемориҳо метавонад зиёд гардад»,

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.