ТАЗОҲУРОТ? – ФИКРИ АҲМАҚОНА!

  Дар сомонаҳои наҳзатӣ (ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ мебошад) «хабар»-е нашр гардид, ки гӯё созмоне бо номи «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ» (ин чӣ кумита аст?! – бешак, боз як қаноти ТТЭ ҲНИ) мехоҳад дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот барпо кунад.

  Ин хабар бисёр хандадор менамояд, зеро, аввалан, мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем ва дар куҷо дидаед, ки нафаре гаравгон гирифта шавад? Кӣ киро гаравгон гирифтааст? Ростӣ, ин ҳарзагӯие беш нест. Ҳодисаи гаравгонгирии мардуми осоишта маҳз ҳамон солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои наҳзатӣ сурат мегирифт. Акнун, он солҳои 90-ум нест, ки дар Тоҷикистон ифротиҳою террористони наҳзатӣ бо дастгирии молиявии хоҷаҳои худ озодона фаъолият баранд, қатлу ғорат кунанд, дигарандешон, аҳли зиёро ваҳшиёна бикушанд ва тухми нобоварӣ нисбати давлат бикоранд. Акнун мардуми Тоҷикистон ҳушманду огоҳ аст ва хубу бадро фарқ мекунад, медонад, ки ҲНИ чӣ бадкориҳое дар ҳаққи миллату давлат кардааст. Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҳам ба он ҳад қавию устувор аст, ки ҳеҷ намегузорад шаҳрванди бегуноҳе муҷозот шавад. «Беспредел» нест, он гуна ки шумо, наҳзатиҳо, доштед. Муфаттишон барои исботи айб далелу бурҳон ҷамъ меоранд, мурофиаи судӣ барпо гардида, ҳақ ба ҳақдор мерасад.

  Абдусаттор Бобоев (бо шунидани ин ном суруде ба ёд мерасад, ки миёни ҷавонон шӯхиомез ба гӯш мерасад: «Ты кто такой?!». Имрӯз ҳар касу нокас даъвои сиёсатмадору ҳуқуқшинос будан мекунад, ки мояи айб асту шарм) ном нафаре, ки худро раиси КШНГЗС муаррифӣ кардааст, гуфтааст, ки онҳо мехоҳанд рӯзи 10 декабр тазоҳуроте барпо намуда, озодшавии Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳайит ва Бузургмеҳр Ёровро талаб кунанд.

   Нахуст, бояд гуфт, ки истилоҳи «тазоҳур» дар луғат ба маънои «ошкор шудан, зоҳир гардидан» ва «худнамоӣ, ба худ нисбат додани сифати дар худ набуда» низ омадааст. Яъне, «эътирозгарон» дар он тазоҳуроташон ба ҷуз ошкор намудани ғаразҳои олудаи худ ва симои хоҷагоне, ки аз онҳо пуштибонӣ мекунанд, ба коре муваффақ нахоҳанд шуд. Дувум, тамоми маълумот дар бораи айбҳое, ки нисбат ба ин се нафар – З. Саидов, М. Ҳайт ва Б. Ёров эълон шудааст, дар дастрасии озод қарор дорад: кофист, ки ба сомонаҳои иттилоотӣ саре бизанед ва бо факту далелҳои муътамад оид ба ҷиноятҳои содирнамудаашон шинос шавед. Он ҷо ҳарфе дар бораи «зиндонии сиёсӣ» будан ё «ангезаи сиёсӣ» доштани ин афрод пайдо нахоҳед кард. Инҳо танҳо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, хиёнат ба ватан, қаллобию монанд ба ин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

  Абдусаттор Бобоев инчунин ба рӯйдоде, ки 7 ноябр дар муассисаи ислоҳии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд сар задааст, ишора карда, мақомотро дар «қатли инсонҳои ғайримусаллаҳ» гунаҳкор мекунад. Ин даъво, ростӣ, бисёр бемантиқу аҳмақона ба назар мерасад, чун вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шарҳи расмии худ оид ба ин ҳодиса гуфт, ки аксари маҳбусоне, ки дар маҳбас исён бардошта буданд, афроди маҳкум ба терроризм, аз ҷумла, пайравони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» буданд.

  Бино ба маълумоти вазир, дар ин ҳодиса 21 ошӯбгар безарар гардонда шуданд. Ҳамчунин, ду корманди маҳбас ба ҳалокат расида, шадидан захмӣ гардидани панҷ зиндонбон ба қайд гирифта шудааст.

  Сироҷиддин Муҳриддин дар шарҳи хабар гуфтааст, ки зиндонбонон дар аввал хостанд ошӯбгаронро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо муқовимат нишон дода, кӯшиши фирор аз маҳбасро кардаанд. «12 нафар аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафар узви гурӯҳҳои ифротиву террористии «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Узбекистон ва «Ҷундуллоҳ» ва 6 нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнин, ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд», - гуфтааст С. Муҳриддин.

  Айни ҳол аз ҷониби Прокуратураи генералӣ гурӯҳи махсус қазияро таҳқиқ дорад ва натиҷаи он тавассути расонаҳо эълон карда хоҳад шуд. Хуб, боз чӣ далел? А. Бобоев дар бораи «қатли кадом одамони бегуноҳ» гап мезанад?! Дар бораи ҳамин террористон?!

   Имрӯз Тоҷикистон бо суръат пеш меравад, иқтисоду саноат рушд мекунад, вазъи иҷтимоии мардум сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Шаҳрвандон соҳиби кор буда, шароити мусоиди таҳсил ва рушди шахсӣ барои ҳар як шаҳрванд муҳайё гардидааст. Дар Ватани маҳбуби мо, ки дар гузаштаи начандон дур шоҳиди ваҳшатафканиҳову ҷангҳои бемаънӣ буду ба майдони озмоишҳои сиёсию ҳарбии «кишвари дӯст» (бо дастони аъзо ва пайравони ТТЭ ҲНИ) табдил ёфта буд, акнун тазоҳурот не, ҳамоишҳо мегузаранд. Ҳамоишҳои сулҳхоҳона, ҳамоишҳои идона, ҳамоишҳои дӯстонаву ватанпарварона! Бигзор, ин тантанаи ҳамдиливу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон қалби ҳама душманону бадхоҳони миллатро бишкофад!

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.