ҚУБОДИЁН. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД ШУД

  Дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дошта, барои некуаҳволии сокинон ва рушди иқтисоди он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд. Яке аз муҳаррикони асоси пешрафт – қабули Барномаи  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои  2016 - 2020 мебошад. Барномаи мазкур такмили механизмҳои таъминкунандаи рушди бемайлони бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад. 
- Ҳадаф аз қабули барнома рушди босуботи иҷтимоию  иқтисодӣ, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва, ба ин васила, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист аст, - иброз дошт Абдумалик Пошоқулов, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия.
  Иттилоъ дода шуд, ки барнома 103 лоиҳаро ба маблағи 108 миллион сомонӣ дар бар гирифта, аз он ба бахшҳои иқтисодӣ 40 лоиҳа, иҷтимоиёт 41, инфрасохтор 16,  ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода 2  ва ба бахши таъминоти захиравӣ 4 лоиҳа тааллуқ дорад.
  Барои татбиқи барнома сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва воситаҳои молиявӣ ҷалб шудаанд. Маблағгузории барнома аз ҳисоби  буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 59 миллион сомонӣ, буҷети вилоят як миллион, буҷети маҳаллӣ наздики 4 миллион, сармояи хориҷӣ беш аз 12 миллион, маблағҳои ихтиёрии аҳолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон қариб 10 миллион ва маблағҳои ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 23 миллион сомониро дар бар мегирад.
- Ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ 21 лоиҳа ба маблағи қариб нуҳ миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи 28 лоиҳаи дигар  ба  маблағи қариб 30 миллион сомонӣ ҷараён дорад, - гуфт А. Пошоқулов.
   Аз рӯйи барнома, бунёди 30 иншооти маъмурӣ, аз ҷумла бинои марказҳои таъминоти бехатарӣ, озуқаворӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, қисми мустақили 49 - и ҳарбикунондашудаи хадамоти оташнишонӣ, филиали КВД “Тоҷиксуғурта”, ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи ноҳия, бахши ҳифзи муҳити зист, китобхона, маркази саломатӣ, толори варзиш ва бозори замонавӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ташкилоту муассисаҳои гуногун  пешбинӣ гардидаанд.
   Айни замон барои сохтмони иншооти зикргардида, 19,2 гектар қитъаи замин ҷудо шуда, дар ин хусус, пешниҳодҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол шудааст.
- Бо назардошти банди 28 - и барнома, нақшаи генералии ноҳия аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК  “Шаҳрофар”  таҳия шуд. Дар ин бора қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017 ба тасвиб расида, тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматии 48 ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ оғоз ёфт. Дар се соли сипаригардида бошад, 24 иншооти савдо ва маишию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дигар корҳои сохтмонӣ низ бо маром идома доранд, - афзуд А. Пошоқулов 
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 703 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  30,7 миллион сомонӣ зиёд аст. Барои пайваста зиёд намудани ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди ашёи  хоми  дохилӣ,  бо  молу  маводи  лозимӣ  таъмин намудани  талаботи  аҳолии  ноҳия  ва  содироти  он, ташаккул додани унсурҳои рақобатпазирии моли истеҳсолшуда чораҳои зарурӣ меандешанд.  То моҳи октябри соли ҷорӣ аз ноҳия ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари минтақа 3810 тонна маҳсулот содирот шуд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, 
Бузургмеҳр САЛИМОВ,
«Ҷумҳурият»

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.