КӮЛОБ БА БУЗУРГШАҲРИ САНОАТӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

  Соли ҷорӣ ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои рушди фаъолияти  корхонаҳои саноатӣ шароити мусоид фароҳам омад.
   Корхонаи саноатии ҶСК «Сомон - Кӯлоб - таҷҳизот»  бо муассисаҳои ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “НБО Роғун”, КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” шартномаҳои тарафайн ба имзо расонд. Ҳолати молиявии корхона  беҳтар гардид, ҳар моҳ ШСХК “Барқи тоҷик” ба ҶСК «Сомон - Кӯлоб - таҷҳизот»  ба маблағи 200 - 300 ҳазор сомонӣ,  ҶСК “НБО Роғун” ҳамасола ба маблағи 2 - 3 миллион сомонӣ маҳсулот фармоиш дода,   КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” аз ин корхона хариди 40 номгӯи маҳсулоти корхонаро бар зимма гирифтааст. Ҳамзамон, корхона бо Вазорати кишоварзӣ, КВДҶ “Тоҷикагролизинг”, ҶСШП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор низ ҳамкориҳои тарафайнро  ба роҳ мондааст. 
Дар доираи ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Чин барои васеъ намудани иқтидори истеҳсолии корхонаи чинии ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» 5 миллион доллар қарзи имтиёзнок дода мешавад. Дар ҶСК «Комбинати хонасозӣ», ки ба  истеҳсоли симчӯбҳои барқӣ, новаҳои бетонии қутрашон бузург машғул аст, дигаргуниҳои бузурги истеҳсолӣ  ба амал омаданд.
  ҶСК “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо ШСХК “Барқи тоҷик”, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вазоратҳои нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  вазифадор шудаанд, ки бо ҶСК «Комбинати хонасозӣ» шартномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Роҳбарияти ҶСК «Комбинати хонасозӣ» азм дорад, ки ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намуда, шумораи кормандонашро ба 200 нафар расонад. Корхонаҳои ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» ва ҶММ “Мармариён” (корхонаи равғанбарорӣ), ки солиёни зиёд  фаъолият намекарданд, ният доранд, ки то моҳи марти соли 2019 200 ҷойи корӣ ташкил намоянд. 
   Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб  аз ҷониби КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” таъмиру навсозӣ шуда, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда мешавад. КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” тибқи лоиҳа боғи роҳи оҳани шаҳри Кӯлобро обод менамояд. Боғи фарҳангии 15 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба тавозуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гузаронда шуд.  Донишгоҳ аз рӯи лоиҳа навсозии онро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ мемонад.
  Боғи ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон   таҷдид ва навсозӣ мегардад. 
  Сокинон аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ  намуда,  ба шаҳри бузурги саноатӣ ва зебову замонавӣ мубаддал шудани Кӯлоб итминони комил  доранд.  
Сулаймон СУЛТОН, мудири бахши бойгонӣ - матбуотии шаҳри Кӯлоб

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.