ЧАРХАИ ИҚБОЛИ МИЛЛАТ ЧАРХ ЗАН

  Он рӯз Тоҷикистон барҳақ ид дошт. Иди нур, шодию сурур, ки дар он зиёда аз нуҳ ҳазор нафар иштирокчиён – кормандону масъулони неругоҳ, аҳли зиёи кишвар ва меҳмонони олиқадр аз мамлакатҳои дуру наздик ҷамъ омада, оғози фаъолияти агрегати аввалини НБО «Роғун» ва пахши тугмачаи рамзиро аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интизорӣ мекашиданд. 
  Ду соли охир ҳудуди неругоҳ майдони корзор ва қаҳрамониҳо буд. Ин лаҳзаҳои хотирмонро ба чашм дида хотираҳои хуш моро ба санаи 29 октябри соли 2016 мебарад. Бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба мо раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва фаъолони ҳизб муяссар гардид, ки дар қатори дигар фаъолони кишвар дар маросими  оғози бастани маҷрои рӯди Вахш ва бунёди обанбори НБО «Роғун» иштирок намоем.  Мо дар автобусҳои замонавӣ ва барҳаво нишаста роҳ сӯи шаҳри Роғун пеш гирифтем. 
  Ҳангоми наздикшавӣ ба шаҳри Роғун, дар соҳили  дарёи Вахш макони нурофарон ба чашм намудор гардид. Техникаҳои зиёди пуриқтидор дар ҳаракат буданд. Дар ҷойе, ки мебоист пеши роҳи рӯди пуртуғён баста мешуд, садҳо ҳазор тонна қуму санг ҷамъ шуда буд. Аз дур даромадгоҳи нақбҳои сохтмонӣ ба назар мерасид. Дар дили кӯҳ сохтмон бо авҷ идома дошт. Дар он лаҳза  ду тарафи соҳили рӯди Вахш идона оро дода шуда,  ҳазорон нафар чашм ба соҳил дӯхта буданд. Ниҳоят, зери кафкӯбиҳои пурмавҷ ва нидоҳои шодмонӣ Пешвои миллат бо либоси кории бунёдкорони «Роғун» аз мошин берун шуданд ва ба паси чанбараки булдозери пуриқтидор нишаста, пеши маҷрои дарёи Вахшро бастан гирифтанд. Дар ин дам мардум ба ҳаяҷон омада бо нидои шодӣ ва мамнуният ба Сарвари давлат аҳсант мегуфтанд. 
   Маҷрои рӯд оҳиста - оҳиста тангтар ва оби ҷамъшуда ба дарвозаҳои ду нақби бузурги соҳил наздик мешуд. Баъди муддате ду соҳили рӯд ба ҳам пайваст шуд ва нахустин касе, ки ин роҳро убур карда гузашт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. 
   Пешвои миллат таъкид намуданд: «Имрӯз рӯзи равшаниву нур ва пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад». Ин суханон дар хотири мо то ҳанӯз нақш бастааст. Бале, "Роғун" рамзи рӯшноӣ, истодагарию матонати миллати мо бо сарварии Пешвои миллат мебошад.
   Барои ман ҳамчун як корманди ҳизбӣ ба истифода дода шудани агрегати нахустини НБО «Роғун» боиси ифтихор аст. Зеро ман низ чун яке аз шаҳвандони хушиқболи Ватан ин рӯзи саидро бесаброна интизорӣ мекашидам. Оғози фаъолияти НБО «Роғун» беҳтарин туҳфа ва хушбахтии  беназир барои тоҷикистониён  ҳам ҳаст. Зеро фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатиро таъмин карда, дар коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии мардум саҳм мегузорад.  

Мурод ШУКУРЗОДА

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.