АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ АЗ СОЛГАРДИ ҲИЗБ БО ТАНТАНА ҶАШН МЕГИРАНД

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои шаҳр намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Ин навбат дар маҳаллаи Корвогузар бо ҷалби сокинон намоиши ҳунаҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

  Бо шодию нишот сокинон ҳунарҳо ва хӯрокҳои дастии тоҷиконаро ба маърази дид гузошта, аз иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан оид ба эълон намудани соли равонро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннадорӣ намуданд.

  Зимни ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуда, қайд кард, ки ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия манамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии ҳар як шахсро таҷассум мекунанд.

Чорабинӣ бо шодию нишоти сокинон ба фарҷом расид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.