Дар семоҳаи аввали соли 2021 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли 2021 ироа гаштаанд, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардиданд, равона намуда, ба нишондиҳандаҳои хуби иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардиданд.
Бо ин мақсад, тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи корӣ аз 3 то 20 феврали соли 2021 бо иштироки бевоситаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо, идораву муассисаҳои вилоятӣ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, профессорон, ходимони илм, ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», собиқадорони меҳнат ва фаъолон дар шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кӯчаю маҳаллаҳо ва деҳаҳо 1602 вохӯриву суҳбатҳо доир карда, тавассути телевизион ва радио аз натиҷаи баргузории чорабиниҳо, семинарҳо, машваратҳо, мулоқоту вохӯриҳо ва суҳбатҳои гузаронидашуда мунтазам инъикос ва пахш гардонида шуданд.
Иҷрои буҷет
Дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 437,5 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нақшаи аниқшуда 16,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми хароҷот дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 468,2 млн. сомонӣ муқаррар шуда, 468,1 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 90 фоиз, маориф 97 фоиз, нигоҳдории тандурустӣ 97 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 87 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 93 фоиз, фарҳанг 93 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 79 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.
Давоми семоҳаи аввали соли 2021 нисбати андозсупорандагони қарздор 2531 қарор ба маблағи умумии 77,2 млн. сомонӣ қабул гардида, ба буҷет 44,4 млн. сомонӣ ворид карда, 1237 қарор иҷро карда шуд.
Дар ин давра бонкҳои вилоят ба маблағи 561,0 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 95,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 197,8 млн. сомонӣ (35,3 фоиз), саноат, сохтмон ва нақлиёт 156,6 млн. сомонӣ (27,9 фоиз), савдои яклухт ва чакана 102,9 млн. сомонӣ (18,3 фоиз), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 5,2 млн. сомонӣ (0,9 фоиз) ва дигар соҳаҳо 98,5 млн. сомонӣ (17,5 фоиз) равона карда шудааст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар вилоят шумораи субъектҳои ҳуқуқиву инфиродӣ тибқи нишондоди Феҳристи ягонаи давлатӣ 106513 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 3,4 фоиз зиёд шудааст. Аз ин ҳисоб шумораи соҳибкорони инфиродӣ тибқи патент 27023 нафар, шаҳодатнома 6817 нафар буда, шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 63859 ва шахсони ҳуқуқӣ 8814 ададро ташкил медиҳанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳибкорӣ ва ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ҷониби соҳибкорони вилоят 26 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 307,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла 12 лоиҳа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва 8 лоиҳа ба КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” ва 3 лоиҳа ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардид.
Бо мақсади бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар вилоят минтақаҳои озоди иқтисодии — «Данғара», «Панҷ» ва «Кӯлоб» фаъолият доранд. Айни замон дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ» ва «Кӯлоб» 37 субъекти саноатӣ фаъолият дошта, дар се моҳи соли 2021 ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Теъдоди кормандони дар минтақаҳо фаъолиятдошта 395 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар вилояти Хатлон 35 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 480,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Гардиши савдо ба 2151,6 млн. сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2020 -ум 5757,7 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиш 136,5 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 535,5 млн. сомонӣ расида, 102,6 фоизи ҳаҷми ҳамин давраи соли 2020-ро ташкил медиҳад.
Дар се моҳи соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ 105,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил мекунад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 14,8 млн. доллари ИМА зиёд шудааст.
Содироти мол 36,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 771,1 ҳазор доллар коҳиш ёфта, дар се моҳи соли 2021 аз вилоят 3159,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст.
Воридоти мол ба вилоят 68,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 -ум 15,7 млн. доллар зиёд мебошад.
Айни замон дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди амал қарор гирифта, аз шумораи умумӣ 24 барнома дар сатҳи маҳал бо қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардида, барномаи шаҳри Кӯлоб бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Саноат ва энергетика
Саноатчиёни вилоят, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар давоми 3 моҳи соли 2021 ба маблағи 2 миллиарду 115 миллиону 517,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 101 миллиону 643 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 5 фоиз, бо назардошти нархҳои қиёсӣ бошад, дар сатҳи 1,6 фоиз таъмин намуданд.
Ба афзоиши маҳсулоти саноатии вилоят, истихроҷи маъдан дар сатҳи 145,3 фоиз, саноати коркард 113,2 фоиз, бахши истеҳсолии маҳсулоти хӯрокворӣ 107,8 фоиз мусоидат намуд.
Бояд қайд намуд, ки соли равон 7 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 74 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ, ҷуроббофӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар 53 иншооти дигар идома дорад. Айни замон шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ 623 ададро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 57 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯи он сол аз сол зиёд шуда, дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли 14 номгӯй маҳсулоти соли гузашта истеҳсолнашуда аз нав ба роҳ монда шуд.
Баистифодадиҳии корхонаҳои навтаъсис замина фароҳам овард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ 19,9 фоиз,панири равғанӣ 66,7 фоиз, маҳсулоти ширӣ 46,7 фоиз, коркарди хушкмева 50,1 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 40,6 фоиз, нӯшокиҳо 30,4 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 11 фоиз, маҳсулоти нафтӣ 86,9 фоиз, моеи зарфшӯӣ 76,8 фоиз, мебел 42,9 фоиз, масолеҳи бинокорӣ, аз қабили тахтаҳои асбестӣ, оҳаки бинокорӣ, қуми кварсӣ, регу сангреза, қубурҳои асбестӣ, қубурҳои пластикӣ, гаҷкартон, андоваҳои минералӣ, конструксияҳои металлӣ, обравҳои оҳану бетонӣ, плитаҳои оҳану бетонӣ ба андозаи 2,3 маротиба таъмин карда шавад.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат моҳи марти соли равон дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум рафти иҷрои Барномаи Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасии вакилон қарор дода шуда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар қарори дахлдор қабул гардида, барои иҷро ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд.
Бинобар сабаби воридоти ками об ба обанборҳои неругоҳҳо, гузаронидани корҳои таъмирӣ дар қисман гидроагрегатҳо, маҳдудият будани неруи барқ ва содирот нашудан ба хориҷи кишвар ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» — 348,6 млн кВт соат, «Бойғозӣ» — 771,1 млн кВт соат, «Сангтӯдаи — 1» — 91,66 млн кВт соат, «Сангтӯда — Сангоб» — 29,89 млн кВт соат ва силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Вахш» — 15,2 млн кВт соат, дар маҷмӯъ 562,4 млн. кВт соат коҳиш ёфтааст.
Давоми семоҳаи аввали соли 2021 ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 732,2 млн кВт/соат неруи барқи фоиданок, ба маблағи умумии 200,4 млн сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ дар ҳаҷми 99,8 млн сомонӣ дастрас гардида, ҷамъоварии он мутаносибан 75,4 ва 69,5 фоизро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоварӣ дар умум 10,7 фоиз, аз ҳисоби аҳолӣ 11,6 фоиз зиёд мебошад.
Талафоти неруи барқ дар сатҳи вилоят нисбат ба ҷамъбасти моҳи феврали соли равон 1,25 фоиз кам гардида, дар ин давра 25,0 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои консервабарории вилоят 1 млн 757 ҳазору 100 қуттии шартӣ консерва истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 -ум 25,6 ҳазор қуттӣ ва ё 1,5 фоиз зиёд мебошад.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар семоҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми маблағгузории асосӣ 558027,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла маблағгузории давлатӣ 60711,3 ҳазор сомониро ташкил дод.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 444756,9 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, 537 адад хонаҳои шахсӣ дар масоҳати 77086 метри мураббаъ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Дар маҷмӯъ бо дарназардошти иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба маблағи 277992,8 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Бо қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо 780 бинову иншоотҳо ба маблағи 235281 ҳазор сомонӣ, ба ҳисоботҳои оморӣ ворид гардид.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 дар 12 мактаб 128 синфхона барои 4854 ҷойи нишаст, муассисаҳои амбулаторӣ 10 адад барои қабули 100 бемор дар як баст, дорухона 11 адад, майдончаҳои варзишӣ 15 адад, кашидани хатти оби нӯшокӣ 35,2 километр, 1 фермаи парандапарварӣ, 3 сардхона ва инчунин 596 маркази савдо, хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳо ба истифода дода шуданд.
Аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 24 шаҳру ноҳияҳо дорои нақшаҳои генералӣ буда, барои ноҳияи Данғара аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» таҳияи нақшаи генералӣ ба анҷом расида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ қарор дорад.
Нақлиёт ва алоқа
Дарозии роҳҳои вилоят 5462 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он дорои аҳамияти байналмилалӣ 776 километр, аҳамияти ҷумҳуриявӣ 809 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 3877 километр мебошад.
Дар миқёси вилоят аз ҳамаи манбаъҳо ба маблағи умумии 31 миллиону 379 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо гузаронида шудааст. Давоми семоҳаи аввали соли равон 829 километр роҳҳо ва 50 пулу қубурҳо таъмиру азнавсозӣ гардиданд, ки аз ин 12,9 километр таъмири асосӣ (асфалтпӯш), 182 километр роҳҳо сангфарш ва 634 километр таъмири ҷорӣ шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 24 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин таъмири роҳҳо бо саҳми соҳибкорону аҳолӣ 160 километрро ташкил дода, саҳми соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Ёвон, Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ назаррас мебошанд.
Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар, марҳилаҳои 1 ва 2 бо дарозии 73 километр ба маблағи умумии 204 миллион доллари ИМА бомаром идома дорад.
Роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Муъминобод 35 километрро дар бар гирифта, маблағи умумии роҳ 250 млн сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол 9 километри роҳи мазкур пурра асфалтпӯш гардида, дар 30 километри дигар қабати якум асфалпӯш карда шудааст. Сохтмони роҳ аз тарафи ширкати чинии “Чайна-Роуд” идома дошта, дар сохтмон зиёда аз 30 механизмҳои роҳдорӣ сафарбар гардида, шумораи умумии коргарони маҳаллӣ 107 нафарро ташкил медиҳанд.
Азнавсозии роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин 32 километрро дар бар гирифта, маблағи умумии сохтмон 30,8 млн долларро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ аз тарафи ширкати чинии “Синтсзян” бо суръат пеш рафта, ба масофаи 7,8 километри он асфалтпӯш гардида, коркард ва кандани хок, тоза ва мулоим кардан, гирифтани қабати ҳосилхези замин, сохтмони қубурҳои обгузар, такядеворҳо ва дигар корҳои бетонӣ идома дорад. Дар сохтмони номбурда 80 техникаю механизмҳои роҳдорӣ сафарбар гардида, 250 нафар коргарони маҳаллӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷумҳурии Халқии Хитой лоиҳаи “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (марҳилаи 3)” “Таъмиру барқароркунии кӯча ва роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб” амалӣ гардида истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб таъмири роҳҳои дохилӣ ва азнавсозии пули 39 — метраи роҳи фурудгоҳ пеш рафта, иваз ва васли обравҳо ба масофаи 4985 метр, васли канорасанги роҳ ба масофаи 1173 метр, дар кӯчаҳои Шамсиддин Шоҳин, Корези Поён, Даминзода, Борбад, Расулов, Ҳувайдуллоев, Алӣ-Дӯстӣ ва Неъматов ба анҷом расонида шуда, ба масофаи 8,5 километр асфалтпӯш гардида, дигар корҳои барқарорсозӣ идома доранд.
Дар шаҳри Бохтар бошад, дар кӯчаи Қазоқон 2 пули садамавӣ барқарор карда, кӯчаҳои Ҷумъабой Ҷалилов, Умари Хайём, Ҷаъфар Абдуллоев, Қаюм Абдураҳимов ва Аминҷон Расулов ба масофаи 11,8 километр асфалтпӯш гардиданд. Айни замон асфалтпӯшкунии қабати дуюми кӯчаҳои мазкур ва роҳравҳо бо маром идома дорад.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми боркашонӣ ба 5 миллиону 710 ҳазор тонна (104 фоиз) ва мусофиркашонӣ ба 27 миллиону 301 ҳазор нафар (109,7 фоиз) баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ 219,6 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 2 миллиону 412 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком”-и вилоят дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади тарифиро ба маблағи 615,9 ҳазор сомонӣ ва иҷрои нақшаи хизмати пулакиро ба маблағи 94,8 ҳазор сомонӣ иҷро намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 97,9 фоиз ва 98,4 фоизро ташкил менамояд.
Корхонаи фаръии КВД «Почтаи Тоҷик» дар вилояти Хатлон бо назардошти имкониятҳои мавҷуда дар ин давра 814,1 ҳазор сомонӣ даромади тарифӣ ва 135,1 ҳазор сомонӣ хизмати пулакӣ ба даст оварданд, ки мутаносибан суръати афзоиш 107,3% ва 108,5% -ро ташкил додааст.
Кишоварзӣ
Дар вилоят соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ин давра кишоварзон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми имкониятҳо чораҷӯӣ намуда, дар ин самт тадбирҳои муайянро амалӣ намуданд.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа ба 727,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоизро ташкил дода, 48,0 млн сомонӣ афзуд. Аз ҷумла, маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 2,9 фоиз ва дар соҳаи чорводорӣ 97,1 фоиз баробар гардид.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ 2758 тонна сабзавот ва 19825,0 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парвардаҳо истеҳсол гардид, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли сабзавот 140,2% ва ниҳолу кӯчат 44 маротибаро ташкил мекунад. Дар соҳаи чорводорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ба 17,4 ҳазор тонна, шир 73,0 ҳазор тонна, тухм 29,9 млн. дона ва моҳӣ 432,4 тонна ва пашм 96 тонна баробар гашта, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 4,1 то 9,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 311,3 ҳазор гектар заминҳо шудгор гузаронида шуда, дар майдони 174,5 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 120,9 ҳазор гектар ғалладона, 19279 гектар зироатҳои техникӣ, 14,9 ҳазор гектар сабзавот, 5441 гектар картошка, 5875 гектар полезӣ ва 6280 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуд, ки 56 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Тибқи маълумотҳо ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 35,6 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолият дошта, аз ин ҳисоб 255,3 тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 166 фоизро дарбар мегирад. Ғайр аз ин, дар майдони 527,5 гектар гармхонаҳои мавсимӣ ташкил карда шудааст, ки 285,6 гектар ба бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 241,9 гектар ба бахши аҳолӣ рост омада, масоҳати гармхонаҳои мавсимӣ нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 130 гектар зиёд гардид.
Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараёни бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо идома дошта, то санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии вилоят 119 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, 265 гектар боғу токзорҳои куҳна барқарор карда шуданд.
Бобати таъмини талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмӣ барои ҳосили соли равон 41,9 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 997,1 тонна ҷуворимакка, 5748 тонна картошка, 44,5 тонна сабзавот ва 10,7 ҳазор тонна чигити тухмӣ, захира мавҷуд мебошад.
Ғайр аз ин, дар вилоят 123 мағоза ва нуқтаҳои фурӯши тухмӣ ташкил карда, дар онҳо захираи иловагии тухмӣ мавҷуд буда, барои таъмини кишоварзон бо тухмиҳои гуногун мусоидат менамояд ва барои дар муҳлатҳои оптималӣ гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзӣ кифоя мебошад.
Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят ба ҳолати 8 апрели соли ҷорӣ 44,1 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки 35 фоизи дурнаморо ташкил менамояд. Аз майдони киштгардида 6165 гектари он кишти зери плёнкаро ташкил намуда, ҳамарӯза ба ин маърака зиёда аз 1000 тухмипошакҳо сафарбар карда мешавад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2021 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1009,5 ҳазор сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 512,3 ҳазор сар чорвои ширдеҳ, 2 миллиону 523,8 ҳазор сар гӯсфанду буз, 59,2 ҳазор сар асп, 2 миллиону 214,5 ҳазор сар парранда ва 61,9 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 чорвои калони шохдор 13385 сар, чорвои ширдеҳ 5510 сар, гӯсфанду буз 56585 сар, паранда 229222 сар, асп 374 сар ва занбӯри асал 831 оила зиёд мебошад.
Дар вилоят маъракаи наслгирӣ бо суръат идома дошта, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 956,4 ҳазор сар барраю бузғола, 134,9 ҳазор сар гӯсола ва 5957 сар тойча, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 173,7 ҳазор сар барраю бузғола, 8607 сар гӯсола ва 1729 сар тойча гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 25,3 ҳазор сар барраю бузғола, 2887 сар гӯсола, 118 сар тойча ва дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ наслгирӣ мутаносибан аз 52 то 286 сарӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 103 нуқтаи бордоркунии сунъии чорво фаъолият намуда, 88 адади онҳо бевосита дар маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон ташкил карда шудааст, ки барои бордоркунии сунъии чорвои аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар ин давра 3750 сар ҳайвони калони шохдор ба таври сунъӣ бордор карда, 2476 сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд.
Ҷиҳати саривақт ва бо сифат анҷом додани кишти зироатҳо дар вилоят 12610 трактор, аз он ҷумла тасмачарх 639 адад, байниқаторӣ 3320 адад, нақлиётӣ 8651, тухмипошаки пахта 1053, култиваторҳо 1677 адад, тухмипошаки ғалла 127 адад, досҳои тракторӣ 358 адад, алафҷамъкунаки тракторҳо 56 адад, тойбанду тагрезаҳо 175 адад мавҷуд мебошад.
Бо мақсади гирифтани ҳосили дилхоҳ аз майдони 37359 гектар боғҳо дар майдони 36770 гектар коркарди байни қаторҳо гузаронида, дар майдони 25570 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Инчунин, аз майдони 7089 гектар токзорҳо, дар майдони 6917 гектар коркарди байни қаторӣ гузаронида, дар майдони 4963 гектар коркарди химиявӣ гузаронида шудааст.
Бо мақсади тақвияти раванди кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ корбарӣ идома дошта, тибқи маълумоти фаврӣ 467,8 ҳазор бех ниҳолҳо, аз ҷумла 242,6 ҳазор бех сояафкан, 131,8 ҳазор бех ҳамешасабз, 93,4 ҳазор бех ороишӣ, инчунин 2202,5 ҳазор дона гули лола, 769,7 ҳазор бех гули садбарг ва 6405,3 ҳазор бех дигар намуди гулҳо шинонида, 250,7 ҳазор метри мураббаъ алафҳои ҳамешасабз кишт гардид. Ғайр аз ин, дар ин давра, дар шоҳроҳои ҳудуди вилоят 23,9 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуд.
Хоҷагиҳои ҷангали вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар майдони 257 гектар ҷангал бунёд намуда, 604 гектар ҷангалзорҳоро барқарор намуданд. Аз майдони умумии ҷангалҳои бунёдшуда 41,9 гектараш боғҳои нави мевадиҳанда, аз ҷумла зардолу шафтолу, гелос, олу ва анор мебошанд.
Ҷиҳати таъмини иҷрои супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда дар канори шоҳроҳҳо кормандони хоҷагиҳои ҷангали вилоят 16208 бех шинонида шуданд.
Ҷиҳати саривақт бо оби полезӣ таъмин намудани майдони кишти зироатҳо ва боғу токзорҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо омодасозии иншоотҳои обрасонӣ ва таъмири пойгоҳу дастгоҳҳои обкашӣ муташаккилона идома дошта, сатҳи омодагии онҳо ба мавсими нави обрасонӣ зиёда аз 97 фоизро дарбар мегирад.
Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 610,3 км шабакаҳои обрасонӣ, 428,4 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда, таъмири 315 иншооти гидротехникӣ ва 307 нуқтаи обченкунӣ гузаронида шудааст.
Бобати таъмини иҷрои протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2020, №11, банди 40, рӯзи 4 марти соли ҷорӣ семинар — машварати минтақавӣ дар мавзӯи «Парвариши хуч ва зиёд намудани майдони он дар минтақаҳои аз лиҳози иқлим мусоиди вилоят» баргузор гардид.
Дар натиҷаи баргузории семинар — машварати мазкур соли 2021 дар майдони 18,5 гектар хучзор бунёд ва 29 гектар барқарор шуда, майдони умумии хучзори омехта дар вилоят ба 628, 5 гектар расонида шуд. Илова бар ин ҷиҳати рушд додани масъалаи мазкур рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Муъминободи ноҳияи Муъминобод чунин семинар — машварати минтақавӣ гузаронида шуд.
Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11271 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 5449 нафар занон мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 8958 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 5523 нафар таъмин шуданд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 -ум 105 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 2042 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, 1377 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 1183 нафар бо кор таъмин шуданд. Дар ин давра 2079 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта, 568 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардида, 4791 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд.
Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони вилоят дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 1115 сомониву 43 дирамро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1007,91 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 110,7 фоизро ташкил менамояд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ аз вилоят 14461 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод (мард 11288, зан 3773) 10584 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд, ки аз ин ҳисоб 8365 мард ва 2219 зан буда, 11696 шаҳрванд (мард 8739, зан 2957) ба ватан баргашта, шумораи муҳоҷирони дохилӣ 108 оила ва экологӣ 86 оиларо ташкил медиҳанд.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Шумораи нафақахӯрон дар вилоят 258980 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 203266 нафар аз рӯи нафақаҳои меҳнатӣ, 55714 нафар гирандагони нафақа иҷтимоӣ, аз ҷумла 32758 нафар бесаробонмонда, 672 нафар ятими кулл ва 439 нафар аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошанд.
Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 311 сомониву 23 дирам рост меояд.
Дар ин муддат барои пардохти нафақапулии нафақахӯрони вилоят 220,3 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Давоми семоҳаи аввали соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе тартиби аёдат ва расонидани кумакҳо ба роҳ монда, ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи 1,9 млн сомонӣ кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шуд.
Бо дарназардошти соли гузашта дар ин давра 93123 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба кумаки унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуда, аз ин шумора ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ ба 24965 нафар 7,2 млн сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» дар вилоят ба 52 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маблағи 58868 сомонӣ ҷубронпулӣ таъмин карда шуд.
Маориф ва илм
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва рушди кори соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар ҳудуди вилоят 1359 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 779616 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбати соли хониши 2019-2020-ум 26 ҳазору 930 нафар хонанда зиёд мебошад. Шумораи умумии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 46756 нафар буда, 24,4 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Ҷиҳати татбиқи самараноки дастуру супоришҳо аз Паёми навбатӣ дар ин давра шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ ба 158 адад расида, дар онҳо 16290 нафар кӯдак ва дар 840 маркази инкишофи кӯдак иловатан 23155 кӯдак, дар маҷмӯъ 39445 нафар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2021 бо истифода аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар 12 мактаб 128 синфхона барои 4854 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани донишу малакаи мактаббачагон, васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, бедор кардани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ, варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят 386 маҳфил бо фарогирии 13831 нафар тарбиягирандагон фаъолият намуда истодаанд, ки дар ҳамаи чорабиниву озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷалб карда мешаванд.
Соли таҳсили 2020-2021 дар 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят, аз ҷумла 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёда аз 84 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз (дар маҷмӯъ нисбат ба соли таҳсили гузашта 4 муассисаи таълимӣ ва наздик ба 8 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз зиёд мебошад) аз рӯйи беш аз 150 касбу ихтисосҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир ба таҳсил фарогиранд. Таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ 4 ҳазору 702 нафар олимону устодон, омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ кору фаъолият доранд, ки миёни онҳо наздик ба 60 нафар академикҳо, докторони илм, профессорҳо, наздик ба 350 нафар номзадҳои илму дотсентон ва зиёда аз 700 нафар унвонҷӯёну муҳаққиқон машғул мебошанд.
Соли равон дар доираи амалигардонии дас-туру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, алалхусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040», дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 ҷиҳати дастгирии кормандони соҳаи илму маориф, аз ҷумла олимону устодон, аспиранту докторант ва унвонҷӯёну таҳқиқотчиён барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм дар самти фану илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ мукофоти ҳавасмандсозӣ таъсис дода шуд, ки аз ин иқдом 20 нафар (2 доктори илм ва 18 нафар номзади илм дар соҳаи илму маориф ва тиб) бархӯрдор гардиданд.
Ҳамзамон, ҳамасола барои дастовардҳои шоён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 60 нафар олимону устодони эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди вилоят, барои хониши аъло ва эҷодкору навоварӣ, 60 нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯзи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин 70 нафар хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба стипендияи раиси вилоят сарфароз гардонида мешаванд.
Чунин ҳавасмандсозиҳо ба беҳтарин кормандони соҳа дар шакли «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф», барои хатми мактаби миёна бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ барои хатмкунандагону роҳбарони муассисаи таълимӣ, дастовардҳои назаррас дар озмуну чорабиниҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст», олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ ва ғайра низ роҳандозӣ гардидаанд, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.
Тандурустӣ
Дар соҳаи тандурустии вилоят 3852 нафар духтур, аз ин шумора 1224 нафар бо категорияи олӣ, инчунин 18841 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб гардиданд.
Беморхонаҳои марказӣ аз 109 муассиса, шуъбаи бистарикунонӣ, 109 шуъбаи ёрирасон ва 6027 ҳуҷраи ташхисиву ёрирасон иборат мебошанд. Дар ин давра, ҳамагӣ 208615 нафар беморон бистарӣ шуда, аз ин 205171 нафар пурра табобат ёфтаанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 372 нафар бо бемории сили фаъол ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 249 нафар бистарӣ карда шудааст, ки 100 нафар сили ғайришушӣ ва 27 нафари дигар сили шакли мутобиқгашта мебошанд. Ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили вилоят 4690 нафар бо бемории сили фаъол зери назорати диспансерӣ буда, гирифторшавӣ ба бемории сил 17 ҳолат нисбат ба се моҳи соли 2020 кам шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ аз соли 1991 то соли 2020 шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар вилоят 3768 нафарро ташкил медиҳад, аз ин шумора 1059 нафар фавтиданд.
Аз шумораи умумии сироятёфтагон 2367 нафар мардҳо (61,3 фоиз) ва 1490 нафарро занон ташкил дода (38,6 фоиз), ба воситаи сӯзандору 918 нафар (23,7 фоиз), ба воситаи алоқаи ҷинсӣ 2492 нафар (64,6 фоиз), аз модар ба кӯдак 175 нафар (4,5 фоиз) ва бо роҳи номаълум 272 нафар (7,0 фоиз) сироят ёфтаанд.
Баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатии соҳавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Данғара, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Восеъ, Фархор ва Шамсиддин Шоҳин дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №252 “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2020 — 2022” барои беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва барои таҷрибаомӯзӣ ҳамроҳ карда шуданд.
Дар вилоят ду маркази вирусологӣ фаъолият менамоянд, ки дар давоми се моҳи соли равон 10440 намунаи маводҳои биологӣ барои дарёфти барангезандаи бемории COVID-19 мавриди озмоиш қарор дода шуда, ҳомилон ва беморон дарёфт карда нашудааст.
Ба ҳолати 1 апрели соли 2021-ум 2294 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ворид шудаанд, зери назорати карантинӣ давоми 14 рӯз қарор дода, 7708 нафар баъди гузаштани муҳлати карантинӣ аз назорат бароварда шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор бо мақсади аз ҷойҳои ҷамъиятӣ баровардани марказу бунгоҳҳои тиббӣ тадбирҳои лозима андешида, дар давоми се моҳи соли равон 10 адад иншооти соҳа бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуда, теъдоди муайяни марказу бунгоҳҳои тиббӣ аз ҷойҳои ҷамъиятӣ бароварда ва вазъи хизматрасонии тиббӣ дар деҳот беҳтар гардида истодааст.
Айни ҳол дар муассисаҳои тиббии ҳудуди вилоят 166 нақлиёти ёрии таъҷилӣ фаъолият доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 14 адад зиёд мебошад.
Давоми се моҳи соли равон бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои тиббии вилоят 18, аз ҷумла 10 дастгоҳи рентгени рақамӣ ва 8 рентгени статсионарӣ бо маблағи 15 миллиону 107 ҳазору 400 сомонӣ ворид гардида, айни ҳол фаъолият доранд.
Кор бо занон ва оила
Аҳолии вилоят 3 млн 425 ҳазору 49 нафарро ташкил намуда, 1 млн 702 ҳазору 249 нафараш занону духтарон буда, 49,16 фоизро ташкил медиҳанд, ки нисбати соли 2020-ум 39 ҳазору 200 нафар занон зиёд мебошад.
Шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат 1 млн. 983 ҳазору 103 нафарро ташкил намуда, аз ин шумора 985 ҳазору 602 нафар (49,6 фоиз)-ро занон ташкил медиҳанд.
Аз шумораи 240 ҳазору 442 нафар занҳои коргар, 9 ҳазору 833 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 2 ҳазору 679 нафар зиёд мебошад.
Аз 3002 воҳиди кории хизматчиёни давлатии амалкунанда 470 воҳиди корӣ (18,1 фоиз)-ро занон ташкил намуда, аз ин шумора 203 нафар (21,0 фоиз)-ро занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар (6,3 фоиз), Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 24 нафар (34,7 фоиз) ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 343 нафар (36,4 фоиз) занон мебошанд.
Дар вилоят 587 нафар олимон, аз ин 187 нафар занон (31,8 фоиз)-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 3 нафар зан доктори илм, профессор, 126 нафар номзади илм ва аз ин 58 нафар дотсент мебошанд.
Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 17541 нафар буда, 12425 нафарашон бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.
Фарҳанг
Бо таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат соҳаи фарҳанг дар вилоят рушд намуда, дастовардҳо дар ин самт назаррас аст. Айни ҳол шумораи умумии муассисаҳои фарҳангӣ дар вилоят 886 адад, аз ҷумла 100 қасру хонаи фарҳангӣ, 162 клуби деҳотӣ, 24 клуби сайёр, 3 китобхонаи вилоятӣ, 25 китобхонаи марказӣ, 26 китобхонаи бачагона, 25 китобхона — филиали шаҳрӣ, 413 китобхона — филиали деҳотӣ, 33 боғи фарҳангӣ — истироҳатӣ ва 29 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.
Сол аз сол бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат барои аҳли фарҳанг биноҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд гардида, бо тамоми шароити муносиби корӣ таъмин шудаанд, ки ин омил баҳри пешрафти кори соҳа нақши муносиб хоҳад гузошт. Дар вилоят ансамбли касбии “Шашмақом”, “Хутал”, “Фалак” ва 12 ансамбли халқии тарона ва рақс фаъолият менамоянд.
Дар мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагона шумораи умумии хонандагон 5131 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1473 нафарашон ба синфи якум қабул гардиданд. Ҳамзамон, дар вилоят коллеҷи санъати ҷумҳуриявии ба номи Кароматулло Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дошта, барои омода намудани мутахассисони соҳа заминаи созгор гузошта истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар вилоят 931 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ, аз ин теъдод 721 ёдгориҳои бостонӣ, 124 ёдгориҳои меъморӣ ва 86 ёдгории монументалӣ мавҷуданд.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва корҳои сохтмонӣ дар қасрҳои фарҳангии ноҳияҳои Шаҳритус, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ ва осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Муъминобод, Ҷалолиддини Балхӣ ва Балҷувон бо маром идома доранд.
Дар вилоят 492 китобхона фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 2 млн 522,599 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 901901 нусха китобҳо бо забони давлатӣ, 1 млн 360346 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва 260352 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд.
Дар ин давра, муассисаҳои фарҳангии вилоят 3077 чорабинии оммавию фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд, ки онҳоро 853401 нафар тамошо карданд.
Дар вилояти Хатлон 20 осорхона арзи ҳастӣ намуда, дар онҳо 32703 нигора маҳфуз аст. Дар давоми се моҳ 196 чорабинии гуногун ташкилу баргузор карда шудааст.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, идораву ташкилот, муассисаву корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, 613 китобхонаи наздиидоравӣ ташкил гардидааст, ки кормандони соҳаҳои гуногун аз онҳо истифода мебаранд.
Ҷавонон ва варзиш
Шумораи ҷавонон дар вилоят 1 млн 26 ҳазору 145 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 282275 нафарашон хонандагон мебошанд.
Дар ин давра, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҳувияти ватандорӣ ва тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани малакаи корбарӣ ва ташкилотчигӣ, забономӯзиву дарки худогоҳии миллӣ 3463 чорабинии фарҳангӣ, мулоқоту вохӯриҳо, суҳбату машваратҳо гузаронида шуда, дар онҳо 295699 нафар фаро гирифта, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва таҳкими ватандӯстиву худогоҳии онҳо 36638 маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар марказҳои фарҳангии ҷавонон дар ноҳияҳои Хуросон, Муъминобод, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин идома дошта, дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешаванд.
Дар вилояти Хатлон 34 муассисаи давлатии мактаби варзишӣ баҳри оммавӣ гардидани варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рушди кори соҳа фаъолият дошта, дар онҳо 17640 нафар наврасону ҷавонон ба машқу тамрин машғул мебошанд.
Аз рӯи намудҳои олимпӣ дар сатҳи вилоят 1066 гурӯҳ бо шумораи 13805 нафар машқварзон фаъолият доранд, ки баҳри муаррифии шоистаи намудҳои олимпӣ нақши муҳим мегузоранд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон 3094 майдончаи варзишӣ, 543 толори варзишӣ, 34 ҳавзи шиноварӣ, 8 маҷмааи варзишӣ ва 226 дигар намуди иншооти махсуси варзишӣ мавҷуданд. Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии вилояти Хатлон фаъолияти худро аз рӯи 34 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 16465 кӯдаку наврасони вилоят ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар давоми се моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 220 медал, аз ҷумла 70 медали тилло, 65 медали нуқра ва 85 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 38 медал зиёд мебошад.
Сайёҳӣ
Боиси қайд аст ки, дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ — фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 106 меҳмонхона, 131 мавзеи сайёҳӣ, 138 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 133 тарабхона, 42 осорхона, 118 чойхона, 278 банкоматҳои хизматрасонии бонкӣ, 60 ҳомстей ва гестхаусҳо, 82 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 116 зиёратгоҳ, 44 боғи фарҳангӣ -фароғатӣ, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Тибқи маълумотҳои масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2021 дар умум 21 ҳазору 191 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (172 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 21 ҳазору 19 нафар сайёҳони дохилӣ) ташриф овардаанд.
Ҷиҳати рушд ва тарғибу ташвиқ додани соҳаи сайёҳии вилоят, баҳри ҷалби сайёҳони хориҷӣ маводҳои нави иттилоотии сайёҳӣ аз қабили харита бо забони англисӣ, наворҳои видеоӣ, ёддошт, бо се забон буклетҳо, феҳристи ҳунарҳои мардумӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалӣ, роҳнамо барои сайёҳон ва дигар маводҳои тарғиботӣ таҳия гардида, даст-раси мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ гардонида шуда, тариқи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ намоиш дода мешаванд.
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба сайёҳон дастрас будани маълумотҳо оид ба мавзеъҳои сайёҳии вилоят сомонаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj бо се забон омода гардидааст.
Дар баробари ташкил намудани сомонаи расмии сайёҳии вилоят, инчунин, саҳифаи сайёҳӣ дар Фейсбук таъсис дода, маълумотҳои ба соҳаи сайёҳӣ алоқамандбуда аз тарафи мутахассисон бо се забон ворид гардида истодааст.
То ин муддат 20 маротиба сайёҳати муташаккилонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он ташкил карда, зиёда аз 20 семинар — машваратҳо дар самти сайёҳӣ бо фарогирии зиёда аз 2000 нафар баргузор гардида, зиёда аз 500 маводи тарғиботӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон паҳн карда шудааст.
Иттилоот
Бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот айни замон дар фазои иттилоотии вилоят 4 шабакаи телевизионӣ: шабакаҳои телевизиони вилоятӣ — “ТВ ”Хатлон”, “ТВ Кӯлоб”, телевизионҳои маҳаллии шаҳри Бохтар — “ТВ Бохтар”, “Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ ва 2 радиои вилоятӣ рӯйи мавҷ баромада, 53 нашрияи расмӣ (48 рӯзнома, 5 маҷалла), 46 сомонаи расмӣ пахшу нашр мегарданд. Дар соли 2021 боз як нашрияи кӯдакона бо номи “Ғунчаҳои Хатлон” таъсис дода, дар як муддати кӯтоҳ хонандагони зиёди худро пайдо намуда, беш аз 4500 нусха ба нашрияи навтаъсис обуна шудаанд. Нашрияи мазкур ба таври ранга, моҳе як маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифа чоп мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар қатори дигар ҷоизаҳои вилоятӣ, Ҷоизаи нави адабии вилоятӣ ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд, ки ҳамасола дар баробари ҷоизаҳои вилоятии ба номи Носири Хусрав (насри бадеӣ) ва Шамсиддин Шоҳин (назм) ба олимону муҳаққиқон ва мунаққидоне, ки дар вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, тақдим карда мешавад. Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2020 натиҷагирӣ гардида, аз тарафи 68 намояндаи васоити ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, нашрияву маҷаллаҳои вилоятию маҳаллӣ ва соҳавӣ беш аз 400 маводи журналистӣ ба озмун пешниҳод шудааст, ки назар ба соли гузашта 150 адад зиёд мебошад.
Дар вилоят фарогирии барномаҳои телевизионии “ТВ Тоҷикистон”-99,6 фоиз, “ТВ Сафина”-96,1, “ТВ Ҷаҳоннамо”-70, “ТВ Баҳористон”-96,0, ТВ “Хатлон” 60 фоизро ташкил дода, 95,08 фоиз барномаҳои радиои “Тоҷикистон”, 60,4 фоиз “Садои Душанбе” дастраси аҳолӣ мебошад. Тариқи моҳвора шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявиву вилоятӣ 100 фоиз пахш мегардад.
Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим
Дар вилоят 26 комиссияи доимии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, 155 комиссияи доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 1753 комиссияи ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд.
Давоми семоҳаи аввали соли 2021 дар вилоят 10658 маърака баргузор гардид, ки аз ин шумора 9816 тӯйи домодиву арӯсӣ ва 384 тӯйи арӯсиву домодии хайриявӣ гузаронида шудааст.
Дар ин давра, 29 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 13 ҳолат кам мебошад.
Дар вилоят 1781 масҷид, аз ҷумла 19 масҷиди ҷомеи марказӣ, 119 масҷиди ҷомеъ ва 1643 масҷиди панҷвақта, як ҷамоатхонаи Исмоилия дар ноҳияи Ҷайҳун ва 14 ташкилоти ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 1781 иттиҳодияи динӣ дар асоси оинномаҳо ва низомномаҳояшон ба қайд гирифта шуданд.
Аз 1868 нафар ҷавононе, ки дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, 1758 нафарашон ба маҳали доимии зисташон баргардонида шуда, нисбати 71 нафар парвандаҳои ҷиноӣ ва кофтуковӣ эълон карда шуда, 39 нафари дигар дар хориҷи кишвар боқӣ монда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст.
Вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ
Дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 2193 (2020-1964) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 229 ҷиноят зиёд шудааст.
Дар ҳамаи самтҳои хизматӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 4 (2020 -5), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 5 (2020-10), таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 3 (2020-4), ғоратгарӣ 8 (2020-3), роҳзанӣ 2 (2020-2), дуздӣ 692 (2020-659), қаллобӣ 338 (2020-216), авбошӣ 73 (2020-65), ҷиноятҳо вобаста ба маводи мухаддир 22 (2020-17), вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ (садамаи нақлиётӣ) 73 (2020-65), дар самти ҷиноятҳои иқтисодӣ 251 ҳолат (2020-179) ба қайд гирифта шудааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят 126 (соли 2020 -118) ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ 296 кг 716 гр (соли 2020 -234 кг 499 гр) маводи нашъадор мусодира карда шудааст.
Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Дар семоҳаи аввали соли 2021 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 849 нафар шаҳрванд, ки аз ин 556 нафар тариқи хаттӣ ва 293 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 176-то ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 380-то муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 496 (89%) муроҷиат ҷавоб гардонида шуда, 60 муроҷиат дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Дар ин давра, аз тарафи раис, муовинони аввал, муовинон ва роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят 6305 нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоят қабул гардида, хоҳиши 3110 нафари онҳо қаноатбахш карда, ба 3177 нафар тартиби ҳалли муроҷиаташон бо назардошти қонунҳои амалкунанда фаҳмонида дода, 18 муроҷиати шаҳрвандон, ки ҳалли масъалаҳои ба миёнгузоштаи онҳо ба мақомотҳои мазкур дахл надорад, рад карда шудааст.
Дар ин давра, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 18652 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, ки аз ин миқдор аз рӯи тобеият 13827 ариза фирис-тода шуда, 4825 аризаи шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 1531 нафар шаҳрванд тартиби ҳалли масъалаҳое, ки дар аризаашон дарҷ гардиданд, фаҳмонида дода, хоҳиши 2717 нафар муроҷиаткунандагон қаноатбахш гардонида, 7 муроҷиати хаттӣ, ки ҳалли онҳо ба мақомоти давлатӣ дахл надоранд, рад карда шуда, 570 ариза таҳти баррасӣ қарор доранд.
Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №АП-1059 аз 22 майи соли 2018 ва қарори раиси виляти Хатлон, №140 аз 8 июни соли 2018 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудааст.
Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо воридшуда, ба муносибати таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 7667 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 апрели соли 2021 дар 6570 адади он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд, ки аз шумораи умумӣ 85,7 фоизро ташкил медиҳад Аз он ҷумла, дар соли 2018-ум 1061, соли 2019-ум 2474, дар соли 2020-ум 2276 ва соли 2021-ум 759 иншоот ба истифода дода шудааст. Дар ҳамин замина 8514 ҷойи кори доимӣ ва 19387 ҷойҳои кории мавсимӣ ташкил шуда аст.
Ба ҳисоботҳои оморӣ аз аввал 6036 иншоот ворид шудааст, ки 78,7 фоиз аз шумораи умумии бинову иншоотҳои ба нақшагирифташуда мебошад.
Дар соҳаи маориф бунёд ва таъмири 604 муассиса ба нақша гирифта шуда, 387 тои он ба истифода дода шудааст, аз ҷумла дар 191 тои он таъмири асосӣ ва ҷорӣ гузаронида шудааст.
Бунёду таъмири 941 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта, дар 674 тои он корҳои сохтмониву таъмирӣ ба анҷом расиданд, аз ҷумла 37-то беморхона, 64 маркази саломатӣ, 201 бунгоҳи тиббӣ, 140 нуқтаи хатна, 21 таваллудхона ва 195 дорухона ба истифода дода шуданд.
Бинову иншоотҳои соҳаи фарҳанг 210-то ба нақша гирифта шуда, дар 141 адади он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд, аз ҷумла 69 китобхона, 14 қасри фарҳангӣ, 20 боғи фарҳангӣ ва 38 гулгашт мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар соҳаи варзиш, сохтмони 590 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз дар 394 тои он корҳои сохтмонӣ ва таъмир ба анҷом расиданд, аз ҷумла, 54 толори варзишӣ, 302 майдончаи варзишӣ (аз ҷумла дар 84 то майдончаи варзишӣ таъмир гузаронида шудааст) ва 36 майдончаи бозии кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 380 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, аз аввали соли 2018 то инҷониб, 261 тои онҳо фаъолият намуда истодаанд. Аз ҷумла корхона ва 18 коргоҳи коркарди шир, 13-то коркарди меваю сабзавот, 87 дӯзандагӣ, 16 дӯхти либоси мактабӣ, 10 хиштбарорӣ, 8 сангреза, 14 маҳсулоти бетонӣ ва 95-то дигар корхонаву коргоҳро ташкил медиҳад.
Иншоотҳои соҳаи кишоварзӣ 132 ба нақша гирифта шуда, 112 тои он ба истифода дода шудааст, аз ҷумла 4 фермаи чорвопарварӣ, 12 корхонаи парандапарварӣ, 6 сардхона ва 90 гармхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Аз 148 иншооти ба нақшагирифташудаи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 83 тои он, аз ҷумла 52 меҳмонхона ва 31 дукони ҳунармандӣ ба истифода дода шудааст.
Барқарорсозии роҳҳо, мумфаршкунӣ 1425,7 километр, аз ҷумла 600,1 километр таъмири асосӣ ва 825,6 километр таъмири ҷорӣ, инчунин 1610 километр сангфаршкунии роҳҳо ба анҷом расонида шуда, сохтмон ва таъмири 138 пул амалӣ гардидаанд. 72 то ҳамом, 144 сартарошхона, 63 кошонаи ҳусн, 1038 маркази хизматрасонӣ ва савдо ба истифода дода, 426 км хатҳои оби нӯшокӣ гузарониданд. Инчунин, 2112 бинову иншооти дигар мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ноҳияи Носири Хусрав нақшаи пешбинишудаи иншоотҳои ҷашниро 122,4 фоиз иҷро намуд. Дар ноҳияи Хуросон аз 364 иншооти ба нақшагирифташуда дар 332-тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, ба ҳисоботи оморӣ ворид гардиданд, ки 91,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Қубодиён 163 иншоот пешбинӣ гардида, дар 158-тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки 96,9 фоизро дар бар мегирад. Иҷрои нақшаи пешбинишударо ноҳияҳои Ҳамадонӣ 94,6 фоиз, Ҷайҳун 92,2 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ 92,8 фоиз, Балҷувон 86,1 фоиз иҷро намуданд. Дар ноҳияи Восеъ бошад, аз 405-то бинову иншоотҳои ба нақшагирифташуда дар 366 тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид, ки 90,4 фоизро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли 2021 ироа гаштаанд, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, чораҳои амалӣ андешида, барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва бо нишондиҳандаҳои баланди рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дарпешистода тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.