Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти хабарии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал дар нимсолаи якуми соли 2018 бо намояндагони васоити ахбри омма доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ зиёда аз 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ (давлативу ғайридавлатӣ) иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода ба таври мушаххас оид ба тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр маълумот дод. Сипас бо намояндагони расонаҳои хабарӣ суолу ҷавоби озод баргузор гардид. Рӯзноманигорон хусуси мавзӯъҳои мубрами рӯз суолҳо пешниҳод карданд. Аз ҷумла дар бораи номгузории кӯчаву маҳалҳо ба номи шахсиятҳои хизматнишондодаи вилояти Хатлон, ба ҷои майдончаҳои варзишии байни хонаҳои баландошёна сохтмони биноҳо, ба танзим даровардани истгоҳҳои нақлиётӣ, сифати сохтмони хонаҳои баландошёна, ҷобаҷогузории кадрҳо ва дастгирии кадрҳои ҷавон, вазъи лоиҳаи воридоти автобусҳо дар шаҳри Бохтар, батанзимдарории партовгоҳҳои шаҳр, омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва дигар масъалаҳо суолҳо пешниҳод намуданд.
Раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Абдуалим Исмоилзода ба ҳар як саволи пешниҳодгардида ба таври васеъ ва дақиқ ҷавоб гардонид. Изҳор дошт, ки имрӯз шаҳри Бохтар ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ дида истодааст. Ин аст, ки давоми 3 сол (то соли 2021) сохтмони 268 иншоотӣ ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Алакай кор бо ин иншоотҳо рафта истодааст. 8 зергурӯҳ баҳри муайян намудани мушкилоти ҷойдошта, камбудиву норасогиҳо вобаста гардида, мушкилиҳои асосиро ошкор карданд. Боварии комил аст, ки зина ба зина давоми се сол бо гузоштани қадамҳои устувор ба қуллаи мақсуд хоҳем расид.
Дар ҳамин шакл хабарнигорон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд ва нишасти хабарии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода мувофиқи матлаб сурат гирифт.