Имрӯз, 28 июл, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотӣ, ки дар толори конфронсии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар барпо гардид, ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.
Дар иншасти матбуотӣ, ки наздик ба ду соат идома кард, беш аз 70 хабарнигор аз расонаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни муаррифии муҳимтарин нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимаи якуми соли 2020 қайд карданд, ки нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 712,0 млн. сомонӣ ворид шудааст.
Дар нимаи аввали соли 2020 бонкҳои вилоят ба маблағи 694 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 48,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. (108 %)
Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 239,7 млн. сомонӣ (34,5%), саноат, сохтмон ва нақлиёт 188,4 млн. сомонӣ (27,1%), савдои яклухт ва чакана 148,9 млн. сомонӣ (21,5%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 4,6 млн. (0,7%) ва дигар соҳаҳо 112,4 млн. сомонӣ (16,2%) равона карда шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бо фароҳам овардани шароити муносиби соҳибкорӣ дар вилоят шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳибкорӣ ва ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ҷониби соҳибкорони вилоят 26 адад лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 59,9 млн. сомонӣ таҳия гардида, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карда шуда, аз ҳамин ҳисоб 4 адад лоиҳа ба маблағи 21,4 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.
Тибқи маълумотҳои гумрукӣ, ба санаи 23 июли соли 2020 аз вилоят ба хориҷи кишвар 89132,1 тонна маҳсулот содирот шуда, иҷрои дурнамо 99 фоиз таъмин гардид.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиршуда 82541,8 тонна пиёз, полезӣ 59,8 тонна, меваҷот, аз ҷумла лимон 3313,5 тонна ва дигар намуди маҳсулотҳо 3217 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 8217,2 тонна зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки бинобар пандемияи COVID-19, коҳишёбии гардиши савдои хориҷӣ ба миён омада, дар ин давра нишондоди мазкур 144,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31,7 млн. доллари ИМА кам мебошад.
Аз вилоят ба хориҷи кишвар асосан нахи пахта, калобаи ресандагӣ, неруи барқ, семент, шираи камол, маҳсулотҳои кишоварзӣ содирот гардида, аз хориҷи кишвар нуриҳои маъданӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти тиббӣ – доруворӣ ва шакар ворид карда шудааст.
Доир ба иҷрои Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру навоҳии вилоят раиси вилоят маълумот доданд, ки ҳоло ин барнома дар 23 шаҳру ноҳия мавриди амал қарор гирифта, аз шумораи умумӣ 19 барнома дар сатҳи маҳал бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардидааст. Барномаҳои 4 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Кӯлоб, Норак, Хуросон ва Қубодиён бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав ба охир расида, барномаи нави ноҳияҳои болозикр тарҳрезӣ шуда истодааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 таҳия гардида, 221 лоиҳа ба маблағи 6,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Аз давраи амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон мувофиқи маълумотҳои ташкилоту идораҳои вилоятӣ ба ҳолати 1 июни соли 2020- ум аз 279 лоиҳа 81 лоиҳа ба маблағи 10585,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 1176,7 миллион сомонӣ, вилоятӣ 95,6 миллион сомонӣ, маблағҳои ташкилоту корхонаҳо 324,1 миллион сомонӣ, сармояи дохилию хориҷӣ 8933,2 миллион сомонӣ ва қарзи бонкӣ 56,1 миллион сомонӣ ё ин, ки 96,6 фоиз таъмин гардида, дар 48 лоиҳаҳо корҳо бо маром идома доранд.
Зимни посух ба саволи хабарнигорон оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қайд гардид, ки корхонаҳои саноатии вилоят якҷоя бо бахши хусусӣ дар ин давра ба маблағи 3 миллиарду 800 миллиону 118,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 186 миллиону 241 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро дар сатҳи 5,2 фоиз таъмин кардаанд.
Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоят соли 2020 бунёди 112 адад коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси 1637 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар 6 моҳи соли равон 46 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 494 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо корҳои сохтмонӣ дар 65 иншооти дигар идома дорад. Айни замон шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ 583 ададро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 57 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯи он сол аз сол зиёд шуда аз 81 номгӯй ба 92 номгӯй расонида шуд.
Ба савол доир ба рушди парандапарварӣ дар вилоят чунин посух дода шуд, ки танҳо баистифодадиҳии ду корхонаи нави мурғи гӯштӣ дар давоми сол замина фароҳам овард, ки истеҳсоли гӯшти мурғ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 1202 тонна ва ё дар сатҳи 75 фоиз зиёд карда шавад.
Маҳз бунёди корхонаҳои молию гӯштӣ мусоидат кард, ки дар ин давра 267,3 тонна ҳасиб истеҳсол шуда, афзоиши ҳаҷми ин номгӯи маҳсулот дар ҳаҷми 36,5 тонна ва ё дар сатҳи 16 фоиз таъмин карда шавад.
Захираву имкониятҳо шароит фароҳам овард, ки дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунии вилоят 7573,9 тонна нахи пахта, 74,5 тонна тибит, 6,7 тонна пат, 45,5 тонна торак, 12624 тонна чигит истеҳсол карда шавад, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 3 то 25 маротиб зиёд мебошад.
Дар ин замина бо бунёди якчанд корхонаҳои насоҷҷӣ дар вилоят имконияти истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук тариқи рӯзафзун рӯй ба инкишоф дошта, дар ин замина истеҳсоли якчанд номгӯи маҳсулот, аз қабили чӯбчаҳои пахтагини нафис, гирдаҳои пахтагин, пахтаи тиббӣ, докаи тиббӣ, сачоқчаҳои тиббӣ ба роҳ монда шавад.
Хабарнигорон А.Сафарзода, Д. Шарифов, З. Ҳасан, А. Достиев, С. Назриев, С. Саидов, Р. Додархӯҷаев, С. Султонов, Ғ. Ҳалимов, А. Раҳим, Б. Уроқов ва дигарон доир ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ, баланд будани обҳои зеризаминӣ, ҳолати ҷангалҳо, фаъолияти корҳонаҳои саноатӣ, бунёди ҳавзҳои шиноварӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ, мушкилоти андозситонӣ ва кишоварзӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, бунёди иншоот дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саволҳо дода, посухи қаноатбахш дарёфтанд.
Пас аз интиҳои саволу ҷавоб, ба як зумра хабарнигорон барои саҳми муносиб дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳои вилоят, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва дастовардҳои хоҷагии халқ, саҳмгузорӣ дар тарбияи мутахассисони соҳа, ҳамкории хубу самарабахш бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуд.
Ба якчанд собиқадори матбуоте, ки имрӯз давлати пирӣ ронда, ҳамзамон машғули эҷоданд, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода роҳхат ба осоишгоҳҳои мамлакатро тақдим намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва дар корҳои эҷодӣ барору комёбӣ таманно карданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон