Имрӯз, 19 июл, дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо иштироки беш аз 80 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят ба рӯзноманигорон барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳи соли 2021 миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамаи рӯзноманигороне, ки бо инъикоси ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар рушди мамлакат саҳм мегузоранд, дар ҷамъбасти нуҳмоҳа ҷоизаи «Ободгари Ватан» эъто хоҳад шуд.
Ин нуқта дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 80 корманди воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва байналмилалӣ баён гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръат дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 422 ҷойи кор таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо, корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1080 ҷойи кори нав идома доранд.
Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад.
Айни замон теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626 ададрр ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намудааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон