Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқ намудаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки васеъи журналистон дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлояти Хатлон нишасти матбуотӣ доир шуд.
Зимни оғози он Назарзода Бахтиёр сардори Сарраёсати молияи вилоят дар назди ҳозирин баромад намуда афзуд, ки нишасти матбуотӣ дар Сарраёсати молияи вилоят дар даврае баргузор гардида истодааст, ки воқеъан ҳам мардуми кишвар зери таасуроти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, кормандони Сарраёсат тибқи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз нақша чорабиниҳоро тартиб дода фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.
Масъулони ин ниҳод ба хабарнигорон иттиллоъ доданд, ки соли 2018 ҷиҳати мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, таъмини маоши кормандони буҷетӣ дар ҳамбастагӣ бо Раёсат ва дигар мақомоти дахлдор ба роҳ монда, корҳои муйнеро дар ин самт ба анҷом расонид. Таъкид гардид, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1022,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати соли 2017 122 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин Назарзода Бахтиёр дар баромадашон зикр дошт иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет имкон дод, ки қисми хароҷотии он аз рӯи даромадҳои воқеӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят зиёда аз 1515, 7 миллион сомонӣ равона карда шавад. Дар ҷамӯъ 1336,0 миллион сомонӣ ё 88 фоизи маблағҳо ба соҳаҳои иҷтимоёт, аз ҷумла маориф 880, 0 миллион сомонӣ ё 58 фоиз, тандурустӣ 392 миллион сомонӣ ё 25, 9 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 11,0 миллион сомонӣ ё 0,7 фоиз, фарҳанг ва варзиш 52, 0 миллион сомонӣ ё 3,4 фоиз хараҷот гардидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати молияи вилоят Маркази бозомӯзӣ бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шуд.Тазаккур рафт, ки қаблан дар маркази вилояти Хатлон чунин марказ набуд, ки барои ба омӯзиш фарогирифтани кормандони соҳа, аз ҷумла ҷавонон эҳтиёт доштанд.
Бино ба гуфти Назарзода Бахтиёр бо ифтитоҳ гардидани чунин маркази муосир 156-нафар кормадони соҳа савияи дониши худро баланд бардошта, соҳиби сертификат гардидаанд.
Масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон хабар доданд, ки соли 2018 аз тарафи соҳибкорони вилоят 46 адад лоиҳаҳо таҳия гардида ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки 6 лоиҳа ба маблағи 10,9 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Бо ҷонибдори аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз корҳои муҳими ободонию созандагӣ ба итмом расонида шуд.
Корҳои ободонӣ дар ин самт ҷараён дорад, ки ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти кормадони соҳа, бо мизу курсӣ, компиютер ва дигар лавозимоти корӣ таъмин намудан тадбирҳои лозима андешида, иҷрои сифатноки қисми даромад ва хароҷоти буҷетро таҳти назорат қарор дода, шаффофияти хароҷоти он таъмин карда мешавад, то ки кормадони соҳаҳои буҷетӣ маоши худро саривақт дастрас намоянд.
Сипас, кормандони ВАО ба роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон оиди фаъолияти бахшу шӯъбаҳои молияҳои шаҳру навоҳӣ ҷудо намудани маблағҳо ба ин ё он соҳаҳои хоҷагидорӣ, пардохти саривақти маоши кормандони соҳаҳои вилоят суолҳо дода ба худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.