Чун дигар ташкилоту муасисаҳои вилоятӣ бо ҳузури васеъи рӯзноманигорон дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нишасти хабарӣ сураъат гирифт.
Дар нишаст тамоми шахсони масъули Сарраёсати болозикр ширкати фаъол доштанд то ба суолҳои пешниҳод намудаи журналистон посухҳои амиқу дақиқ гӯянд. Ҳаминтавр аввалан Давлатзода Зарина сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят муфассал оиди буруду бохти соҳа дар соли 2018 ба намояндагони ВАО маълумот доданд.
Рӯзноманигорон дар навбати худ ба роҳбарияти ниҳоди дар боло номбаршуда вобаста ба омори аҳолии шаҳру навоҳӣ, даромади буҷети вилоят, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар раванди корашон дар зарфи як сол суолҳо дода посухҳои дақиқ гирифтанд.