Дар ҶСШК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбари муассиса Холов Давлат ва гурӯҳи рӯзноманигорони ВАО-и шаҳриву минтақавӣ баргузор гардид.

Холов Давлат доир ба ҷамъбасти 6-моҳаи фаъолияти муассиса мухтасаран маълумот дод. Сипас, рӯзноманигорон Низом Барот -рӯзномаи «Нақлиёт», Билоли Шамс -«Азия Плюс», Худойдододи Ислом -«Пайк», Исломи Раҷабалӣ -«Боҷу хироҷ», Акбари Маҷид -радиои вилоят дар минтақа, Абдулҳамид Шариф- «Омӯзгор» ва дигарон саволҳо дода, аз масъулин посух гирифтанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нишаст муовини сардори фурӯши барқи Кӯлоб Сайвалӣ Мирзоев иштирок дошт ва ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дод.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here